расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Натиҷаҳои интихоботи порлумонии Қирғизистон беэътибор эълон шуд

. / Ҷаҳон

Натиҷаҳои интихоботи порлумонии Қирғизистон беэътибор эълон шуд

Имрӯз ҳамчунин дар ин кишвар Шӯрои ҳамоҳангсоз, ки 6 ҳизби сиёсӣ шомили он шудаанд, ба кори худ оғоз кард

Сурат: kaktus.media
Натиҷаҳои интихоботи порлумонии рӯзи 4-уми октябри Қирғизистон беэътибор эълон шуданд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ дар такя ба иҷрокунандаи вазифаи Додситони кулли Қирғизистон Алмамбет Шикмаматов. Ҳамчунин ба гузориши ин расона Омурбек Суваналиев номзад ба мақоми вакилии порлумони Қирғизистон аз Ҳизби "Бутун Қирғизистон" гуфтааст, ки “дар робита ба ҳаводиси ахири кишвараш фаъолияти ниҳодҳои қудратиро ҳамоҳанг хоҳад кард”.
Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ҳам субҳи имрӯз дар як изҳороташ гуфта буд, ки “ба Комиссияи марказии интихобот пешниҳод кардааст, ки ҳамаи мавридҳои тақаллубро таҳқиқ кунан ва дар сурати зарурат натиҷаҳои интихоботро беэътибор эълон кунанд”.
Аз дирӯз то кунун ба навиштаи Kaktus.media бар пайи эътирозҳо Алмосбек Ҳотамбоев, раисҷумҳури пешин аз боздоштгоҳи КДАМ, сарвазири собиқ Сафар Исҳоқов аз маҳбас, сиёсатмадори мухолиф Равшан Жээнбеков аз боздоштгоҳи рақами 1-и Бишкек озод карда шудаанд.
Рӯзи Душанбе дар Бишкек, дар майдони Ала-Тоо ҳудуди 2 ҳазор нафар ҷонибдорони ҳизбҳое, ки ба порлумон роҳ наёфтанд ҷамъ омада буданд. Онҳо талаб доштанд, ки натиҷаҳои интихобот бекор ва раъйдиҳии такрории интихоботи маҷлиси қонунгузорӣ гузаронида шавад. Шоми душанбе зимни талошҳои пароканда кардани эътирозгарон миёни онҳо ва неруҳои ҳифзи ҳуқуқ бархӯрд сурат гирифт. Шаби душанбе ба сешанбе эътирозгарон ба бинои Қасри сафед, ки онҷо порлумон ва маъмурияти президенти Қирғизистон қарор дорад, ворид шуданд. Баъдан ба сӯйи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ рафатан ва раисҷумҳури собиқ Алмосбек Ҳотамбоевро аз ҳабс озод карданд.

Интихоботи порлумонии Қирғизистон 4 октябр баргузор шуд. Ҳузури раъйдиҳандагон дар он 56,5% гуфта мешавад. Мувофиқи натиҷаҳои пешакии раъйдиҳӣ, ба порлумон 4 ҳизб роҳ ёфтаанд: "Биримдик" ("Ваҳдат", ҳизби ҷонибдори ҳукумат) бо 24,52% раъй, "Мекеним Қирғизистон" ("Қирғизистони азизам", ҳизби ҷонибдори ҳукумат) бо 23,89%, раъй, "Қирғизистон"(ҳизби марказгаро) бо 8,73% раъй ва "Бутун Қирғизистон" ("Қирғизистони ягона ", ҳизби марказгаро) бо 7,11%раъй. Ҳизбои боқимонда натавонистон сади ҳафтдарсадиро убур кунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.