расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » ВИДЕО: ИЗДИҲОМ ДАР ШАҲРИ ӮШ ДОДАРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОНРО ЛАТТУКӮБ КАРД

. / Ҷаҳон

ВИДЕО: ИЗДИҲОМ ДАР ШАҲРИ ӮШ ДОДАРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОНРО ЛАТТУКӮБ КАРД

Рӯзи 6 октябр ҳангоми суханронӣ дар як гирдиҳамоӣ дар шаҳри Ӯш – зодгоҳи президенти кунунии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, издиҳом ба додари президент Асилбек Жээнбеков ҳамла оварда, ӯро мавриди латтукӯб қарор дод. Дар видеое, ки дар Фейсбук дар саҳифаи БеспределKG нашр шуд, дида мешавад, ки як гуруҳи хурди тарафдоронаш Асилбек Жээнбековро иҳота карда, бошитоб аз майдон берун мебаранд, вале издиҳоми бузурге ба додари президент ҳамла оварда, ҳар кадом ӯро мушт ё шаппотие заданӣ мешавад.
Рӯзи 6 октябр дар Интернет навори дар Ӯш латтукӯб шудани худи Сооронбой Жээнбеков низ нашр шуд, вале баъдан маълум шуд, ки он навори соли 2013, аз замони ҳокими вилояти Ӯш будани Жээнбекови калонӣ будааст.
Дар ҳар сурат, чунин ба назар мерасад, ки авлоди Жээнбековҳо дар зодгоҳашон – Ӯш низ пуштибонӣ пайдо карда натавонистанд. Рӯзи 6 октябр Кенеш – маҷлиси вакилони шаҳри Ӯш якдилона ба шаҳрдор Таалайбек Сарибашов нобоварӣ эълон кард.
 
Рӯзи 6 октябр ҳамчунин шаҳрдори Бишкек, ҳокимони вилоятҳои Иссиқкӯл, Талос ва Норин низ ариза дода, тарки мақом карданд.
Темур Сариев, узви Шӯрои ҳамоҳангсози ҳизбҳои мухолиф гуфт, ин Шӯро мехоҳад аз Сооронбой Жээнбеков талаб кунад, ки бо хоҳиши худаш тарки мақоми президентӣ кунад. Ҳизби сотсиал-демократ, ки аз президенти собиқ Алмосбек Отамбоев пуштибонӣ мекунад, алакай эълон кард, ки «мардуми Қирғизистон ин ҳукумати ҷинояткорро сарнагун кард.»
Сабаби эътирозҳои густарда эълони натиҷаҳои интихоботи парлумонии рӯзи 4 октябр шуд, ки тибқи он, ба парлумон танҳо 4 ҳизби наздик ба Жээнбеков роҳ ёфтаанд. Тарафдорони аҳзоби шикастхӯрда рӯзи 5 октябр ба маркази Бишкек рехтанд ва баъди кӯшиши бо зӯр пароканда кардани онҳо, ба ҳуҷум гузашта, шаби 5 ба 6 октябр биноҳои парлумон ва дастгоҳи президент, ВКД, шаҳрдории Бишкек ва телевизиони давлатиро ишғол карданд. Эътирозгарон ҳамин тавр, маҳбусони сиёсӣ, аз ҷумла президенти собиқ Алмосбек Отамбоев, сарвазири собиқ Сапар Исаков ва муовини собиқи вазири дохила Курсан Асановро аз зиндон озод карданд. Курсан Асанов билофосила аз ҷониби эътирозгарон коменданти Бишкек таъйин шуд.




Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.