Тазоҳургарон бинои шаҳрдори Бишкекро гирифтанд ва Отамбоевро озод карданд

Қаблан тазоҳургарон ба бинои Кохи Сафед, ки дар он парламент ва маъмурияти президенти Қирғизистон ҷойгиранд, рахна карданд. Пас аз як муқовимати дусоата бо маъмурони пулис, онҳо тавонистанд панҷараи назди бино рахна кунанд. Сипас бархе аз тазоҳуркунандагон ба бинои боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) рафта, президенти собиқи ҷумҳурӣ Алмазбек Отамбоевро, ки моҳи августи соли 2019 боздошт шуда буд ва инчунин сарвазири собиқи Қирғизистон Сапар Исаковро аз маҳбаси он ҷо раҳо карданд.
Эътирозҳо дар Бишкек субҳи 5 октябр пас аз интихоботи парлумонӣ як рӯз пеш шурӯъ шуданд. То бегоҳ онҳо ба бетартибӣ мубаддал шуданд, норозиён дарвозаҳои идораи президентӣ ва ҳукуматиро кушоданӣ шуда, аз болои девор баромада биноро сангборон намуданд. Полис алайҳи тазоҳуркунандагон аз гази ашковар ва тирҳои резинӣ истифода кард.