расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Русия ва Фаронса ҷонибҳои даргирро дар Қарабоғи Кӯҳӣ ба оташбас даъват карданд

. / Ҷаҳон

Русия ва Фаронса ҷонибҳои даргирро дар Қарабоғи Кӯҳӣ ба оташбас даъват карданд


Қарабоғи Кӯҳӣ

Владимир Путин, президенти Русия ва Эммануэл Макрон, ҳамтои фаронсавии ӯ, ба қатъи даргирӣ миёни нирӯҳои Озарбойҷон ва Арманистон дар минтақаи баҳсии Қарабоғи Кӯҳӣ даъват карданд.
Рӯзи 1-уми октябр Кремлин изҳор дошт, ки ду раисҷумҳур дар як суҳбати телефонӣ талошҳои дипломатиро барои ба эътидол овардани низои шадид, ки дар ин минтақа дар солҳои охир собиқа надошт, баррасӣ кардаанд.
“Владимир Путин ва Эммануэл Макрон аз ҷонибҳои даргир даъват карданд, ки оташкушоиро пурра ва бе таъхир бас карда, танишро кам кунанд ва хештандорӣ нишон диҳанд”, -- изҳор доштааст Кремлин.
Сарони ҳар ду кишвар гуфтаанд, ҳозиранд, ба ҷонибдорӣ аз оташбас дар минтақаҳои амалиёти ҷангӣ ва азсаргирии музокирот аз номи “гуруҳи Минск”-и САҲА, ки таҳти роҳбарии Русия, Фаронса ва Амрико амал мекунад, изҳорот диҳанд.
Низомиёни Озарбойҷон ва Арманистон гуфтаанд, амалиёти низомиро идома медиҳанд ва ин хатари сар задани як ҷанги фарогир ва ҳатто низои минтақавиро ба вуҷуд меорад.
Айни замон даргириҳои шадид, аз ҷумла бо истифодаи паҳподҳои ҷангӣ, тонк, чархболҳо, мушакандозҳо дар хатте, ки нерӯҳои арманиро аз сарбозони Озарбойҷон ҷудо мекунад, идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.