расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » 2 ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ҲАЛОКАТИ БЕШ АЗ 20 НАФАР БАР АСАРИ СУҚУТИ ҲАВОПАЙМОИ ҲАРБӢ ДАР УКРАИНА

. / Ҷаҳон

2 ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ҲАЛОКАТИ БЕШ АЗ 20 НАФАР БАР АСАРИ СУҚУТИ ҲАВОПАЙМОИ ҲАРБӢ ДАР УКРАИНА

Шаби 25 сентябр як ҳавопаймои ҳарбии АН-26 ду километр норасида то фурудгоҳи ҳарбии дар шаҳри Чугуеви вилояти Харкови Украина суқут кард. Дар видеоҳои нашршуда дида мешавад, ки ҳавопаймо баъди суқут оташ гирифтааст. Аз 28 сарнишини ҳавопаймо 22 нафар ба ҳалокат расида, ду нафар зинда мондаанд. Ҳардуро бо 90% бадани сӯхта ба бемористон интиқол додаанд. Дар бораи сарнавишти чор нафари боқимонда ҳанӯз маълумот дастрас нашудааст. Мақомоти Украина гуфтанд, ки ҳавопаймо парвози тамринӣ анҷом медод ва аксари қурбониёни ин фалокат халабонҳои ҳарбӣ ва курсантҳои Донишгоҳи нирӯҳои ҳавоӣ ба номи Иван Кожедуб будаанд. Ҳавопаймои суқуткарда ба қисми ҳарбии А 4104 тааллуқ доштааст. Хабар омад, ки президенти Украина Владимир Зеленский роҳии маҳалли фалокат шудааст.
 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.