расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Ширкати нейротехнологии Neuralink аввалин имплантро ба мағзи инсон ворид намуд

. / Ҷаҳон

Ширкати нейротехнологии Neuralink аввалин имплантро ба мағзи инсон ворид намуд

Ширкати нейротехнологии соҳибкор Илон Маск Neuralink 28 январ маротибаи аввал имплантро ба майнаи инсон ворид намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии ТАСС.
«Аввалин шахс импланти Neuralink-ро қабул намуд ва барқароршавӣ пас аз ҷарроҳӣ хуб мегузарад», изҳор намудааст Маск дар X (қаблан Twitter). Ишора шудааст, ки тибқи маълумоти аввал, нишондиҳандаҳои кори дастгоҳ умедбахш ба назар мерасанд.
Инчунин соҳибкор илова намуд, ки аввалин маҳсулоти Neuralink Telepathy ном дорад. Он ба шахс имкон медиҳад, ки телефон ва компютерро бо қувваи фикр идора намояд. «Аввалин истифодабарандагон одамоне мешаванд, ки қобилияти назорати узвҳои худро аз даст додаанд», — иброз намуд Маск.
Стартапи Neuralink аз ҷониби Маск моҳи июли соли 2016 сохта шуда буд ва чипҳое таҳия менамояд, ки дар ниҳоят ба майнаи инсон ворид мешаванд. Соҳибкор боварӣ дорад, ки чунин интерфейсҳои нейронӣ имкон медиҳанд, то инсон ба киборг, ки қодир аст ба зеҳни сунъӣ муқовимат намояд, табдил ёбад. Он инчунин ба одамон кумак менамояд, ки бо истифода аз қувваи фикр мустақиман идора намудани компютерро омӯзанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.