расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » ДАР ХОНАВОДАИ ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ БОЗ ЯК ШАВКАТ БА ДУНЁ ОМАД

. / Ҷаҳон

ДАР ХОНАВОДАИ ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ БОЗ ЯК ШАВКАТ БА ДУНЁ ОМАД

Саида Мирзиёева, духтари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев хабар дод, ки шоҳписар ба дунё овардааст ва номашро ба шарафи бобояш Шавкат гузоштаанд. Саида Мирзиёева аксашро ҳамроҳи тифли навзодаш низ дар Фейсбук нашр кардааст.
«Дар оилаи мо меҳмони нав ба дунё омад – Шавкатҷони хурдакак, офтобаки мо. Мо тоза шинос шудем, вале ин муҳаббат аз нигоҳи аввал чунон моро фаро гирифтааст, ки 24 соат дар шабонарӯз ҳамроҳем. Модарон ин эҳсоси маро мефаҳманд, ки чист? Ба фикри ман, муҳаббат қувваест, ки ба занон тавон мебахшад, ки сабр кунанд ва бубахшанд. Мунтазири даме шаванд, ки бахт ва зиндагии беҳтаре дари онҳоро бикӯбад. Мунтазир давем шаванд, ки кӯдаконашон ба пои худ рост шаванд ва онҳо як дами осуда бигиранд. Ҳар коре, ки мо мекунем, нирӯи ҳаракатдиҳандааш муҳаббат аст», - навиштааст Саида Мирзиёева.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.