расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » ИМА метавонад кумак ба Украинаро қатъ кунад

. / Ҷаҳон

ИМА метавонад кумак ба Украинаро қатъ кунад

Ба навиштаи нашрияи амрикоӣ, пуштибонӣ аз Киев ба далели баррасии мушкилоти дохилии иқтисодӣ дар қаламрави худи ИМА ба таъхир афтодааст

Сарпарастии низомии Украина метавонад муваққатан қатъ шавад, навиштааст Hill.
Ба иттилои нашрия, маблағгузорӣ метавонад ба далели баҳсҳои дохилӣ дар Иёлоти Муттаҳида, ки дар натиҷаи ба ҳадди ниҳоии қарзи давлатӣ расидааст, ба муддати номуайян маҳдуд шавад.
"Қонунгузорон мегӯянд, ки таъхирҳо дар натиҷаи ҳадди баланди ниҳоии қарз ва оқибатҳои номуайяни ҳамлаи дарпешистодаи Украина сӯҳбатҳои ҷиддиро дар бораи даври навбатии маблағгузорӣ ба Киев таъхир андохтанд", - таъкид намудаст рӯзноманигор Брэд Дресс.
Ба гуфтаи ӯ, Пентагон хатои муҳосибӣ ошкор кардааст, ки 3 млрд доллари изофии озодро пайдо кардааст, аммо маблағҳои боқимонда камтар аз 14 млрд долларро ташкил медиҳанд.
Ин маблағ метавонад барои Киев танҳо то моҳи сентябри соли ҷорӣ кифоят кунаду халос.
Илова бар ин, узви палатаи намояндаҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Билл Китинг, низ таъйид кард, ки идомаи маблағгузории Киев ба муваффақияти ҳамлаи ҷавобии он бастагӣ дорад. Аммо дар баробари ин, сиёсатмадор тавзеҳ дод, ки айни ҳол Украина "маблағи кофӣ барои ояндаи наздик" дорад.
Маврид ба зикр аст, ки дар натиҷаи оғози амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина кишварҳои ғарбӣ ба пуштибонии густурдаи молиявӣ ва низомии Киев оғоз намуданд. Маскав дар ин робита нота фиристода, таъкид намуд, ки ҳар аслиҳаи интилёбанда метавонад ҳадафи қонунии нерӯҳои кишвар қарор гирад.

sputnik-tj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.