расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Қирғизистон ба шаҳрвандонаш тавсия дод, муваққатан ба Тоҷикистон нараванд

. / Ҷаҳон

Қирғизистон ба шаҳрвандонаш тавсия дод, муваққатан ба Тоҷикистон нараванд

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон 14-уми март бо нашри изҳороте ба шаҳрвандони ин кишвар тавсия дод, ки муваққатан аз ҳама гуна сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд. Дар изҳорот омадааст, ки гӯё "ҷониби Тоҷикистон бидуни огоҳии расмӣ сафар ба ин кишварро маҳдуд мекунад".

"Тибқи иттилои сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон, марзбонон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба қирғизистониҳо иҷозат намедиҳанд, ки вориди ин кишвар шаванд. Дар натиҷа қирғизистониҳо маҷбур мешаванд, ки маблағи иловагӣ сарф карда, билет харанд ва дар минтақаи транзитӣ парвози баргаштро мунтазир монанд", - афзудааст вазорат.
Ҷониби Тоҷикистон то ҳанӯз дар пайванд ба ин изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон вокуниш нишон надодааст. Аммо дар гузашта ҷониби Тоҷикистон гуфта буд, ки шаҳрвандони кишвар ҳини сафар ба Қирғизистон ба мушкил рӯбарӯ ҳастанд.

Девони вазирони Қирғизистон моҳи майи 2021 бо қабули қароре вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ин кишвар маҳдуд кард. Ин қарор баъди низои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар, ки рӯзҳои 28-30 апрели он сол сурат гирифт, қабул шуд.
Сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ки беш аз 300 километраш ҳанӯз таъину нишонагузорӣ нашудааст, солҳо боз манбаи низоъ миёни ду кишвар аст.
Душанбе ва Бишкек ҳамеша аз ҳалли мушкил бо роҳи дипломатӣ таъкид мекунанд, вале ҳар чанд вақт ҷанҷолу тирандозӣ дар марз рух медиҳад. Ҳарду тараф якдигарро ба сар задани муноқиша гунаҳкор мекунанд.

ozodi

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.