расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Маскав G7-ро дар "дурӯғпароканӣ"-и атрофи қазияи Навалний муттаҳам кард

. / Ҷаҳон

Маскав G7-ро дар "дурӯғпароканӣ"-и атрофи қазияи Навалний муттаҳам кард


Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия

Русия кишварҳои Гурӯҳи Ҳафтгона ё G7-ро дар он муттаҳам кард, ки бо баҳонаи заҳролудшавии раҳбари мухолифин Алексей Навалний “як маъракаи сартосарии дурӯғпароканӣ”-ро ба хотири таҳрими Русия ба роҳ мондааст. Навалнии 44-сола аз 22-юми август дар як беморхонаи шаҳри Берлин аст. Ӯ баъди он ки дар ҳавопаймое аз Сибир ба Маскав рӯзи 20-уми август худро бад ҳис карду ҳавопаймо нишасти изтирорӣ анҷом дод, ба як беморхонаи шаҳри Омск интиқол дода шуд. Озмоиши мутахассисони олмонӣ нишон дод, ки дар таркиби хуни Навалний нишонаҳои заҳри низомии навъи “Новичок” мебошад. Вазорати хориҷаи Русия бо нашри изҳороте рӯзи 9-уми сентябр гуфт, дар ҳоле, ки бархӯрди мақомоти олмонӣ “созанда набудааст”, нисбати Русия “ҳамлаҳои бепояву асос идома меёбад”. Вазорати хориҷаи Русия гуфтааст, ки ҳадафи асосии ин “ҳамлаҳо на ғамхорӣ дар ҳақи Навалний”, балки ҷамъоварии “изҳорот ба хотири ҷорӣ кардани таҳрим нисбати Русия мебошад”. Дар як изҳорот вазирони хориҷаи узви G7 “заҳролудшавии тасдиқшудаи Навалнийро” маҳкум карда аз Русия тақозо намуданд, ки таҳқиқи ин ҳодиса ва ба ҷавобгарӣ кашидани омилонро таъмин кунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.