расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Die Zeit: Навалний бо маводи хатарноктар аз "Новичок" заҳролуд шудааст

. / Ҷаҳон

Die Zeit: Навалний бо маводи хатарноктар аз "Новичок" заҳролуд шудааст


Алексей Навалний.

Нашрияи олмонии Die Zeit бо истинод ба манбаи худ навиштааст, ки мухолифи рус Алексей Навалний бо охирин навъи маводи заҳролудкунанда заҳролуд шудааст. Ин мавод оҳиста таъсир карда, аммо назар ба "Новичок" хатарноктар аст.
Ба назари рӯзноманигорон, коркарди ин навъи заҳр танҳо дар озмоишгоҳҳои хадамоти махсус имкон дорад. Бинобар ин, гуфта мешавад, амалиётҳоро бо истифода аз маводи мазкур танҳо Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ анҷом дода метавонад.
Бино ба навиштаи Die Zeit, мақомоти Олмон мегӯянд, эҳтимол дорад, гумоштаи хадамоти махсус чой ё қисмати болоии финҷонеро заҳролуд кардааст, ки Навалний аз он нӯшида буд. Боқимондаҳои заҳр дар дастони мухолифи рус ва зарфе пайдо шуданд, ки аз он об нӯшидааст.
Нашрия менависад, тибқи нақшаи ҷинояткорон, ки бо назардошти замони таъсири заҳр тарҳрезӣ шуда буд, Навалний бояд ҳангоми парвоз аз Томск ба Москва, дар дохили ҳавопаймо ҷон медод. Вале ӯ бо шарофати зиракии халабон, ки тасмим гирифт, зуд ҳавопайморо ба замин шинонад ва табибони "ёрии таъҷилӣ", ки кори худро фавран анҷом доданд, наҷот ёфт.
Навалний рӯзи 20 июл дар ҳавопаймое аз Томск ба Маскав худро бад ҳис кард ва ҳавопаймо маҷбур шуд дар шаҳри Омск фуруд ояд. Баъди ду рӯзи бистарӣ шудан дар беморхонаи маҳаллӣ, Навалнийро ба Олмон интиқол доданд ва табибони беморхонаи “Шерите” баъди чанд рӯзаш гуфтанд, ки сиёсатмадори 44-солаи рус заҳролуд шудааст.
Ҳоло ӯ ба ҳуш омада, мавриди муолиҷа қарор дорад. Тарафдорони Навалний гуфтанд, ки ӯро қасдан заҳролуд карданд ва дар пушти ин ҳодиса Кремл истодааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.