расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Помпео сафари Ховари Миёнаро аз Исроил шурӯъ кард

. / Ҷаҳон

Помпео сафари Ховари Миёнаро аз Исроил шурӯъ кард


Байтулмуқаддас, 24 август. Дидори Майк Помпео бо Бенямин Нетаняҳу

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео сафари панҷрӯзааш ба Ховари Миёнаро аз Исроил шурӯъ кард. Ҳадафи сафар – оддӣ шудани равобити Исроил бо Имороти Муттаҳидаи Араб аст, то ки дигар кишварҳои арабӣ ҳам айни корро бикунанд. Помпео дар дафтари кории нахуствазири Исроил дар Байтулмуқаддас бо Бенямин Нетаняҳу мулоқот кард. Интизор меравад, ки дар ин мулоқот созиши бо миёнҷигии ИМА ҳосилшудаи таърихии миёни Исроилу Имороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ шавад. Исроил ва Имороти Муттаҳидаи Араб рӯзи 13 август дар бораи азсаргирии пурраи равобити дипломатии миёни ду кишвар хабар доданд. Ин созиш бо миёнҷигии ИМА ҳосил шудаст ва яке аз шартҳо - ваъдаи Исроил барои боздошта шудани нақшаҳои ишғоли бахше аз Каронаҳои Ғарбӣ мебошад. Ин нахустин бор аст, ки Имороти Муттаҳида Араб ба унвони як кишваре аз Халиҷи Араб бо Исроил равобити пурраи дипломатӣ барпо мекунад ва сеюмин кишвари арабӣ аст, ки бо Исроил равобити фаъоли дипломатӣ дорад. Аз ин таҳаввулот чанд давлати Халиҷ ситоиш, вале Эрон, Туркия ва фаластиниҳо интиқод карданд. Дар қатори Исроил Помпео инчунин ба Иморот, Баҳрайн, Уммон, Қатар ва Судон сафар мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.