расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Михаил Ефремов ба 8 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуд

. / Ҷаҳон

Михаил Ефремов ба 8 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуд


Михаил Ефремовро дар толори додгоҳ ба ҳабс гирифтанд

Додгоҳи ноҳияи Пресненскии шаҳри Маскав рӯзи 8-уми сентябр ҳунарпешаи маъруф ва мунаққиди Кремл Михаил Ефремовро ба 8 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард ва ӯро дар толори додгоҳ ба ҳабс гирифт.

Додгоҳ гуфт, ки Ефремови 56-сола дар садамаи мошин, ки аз рӯи беэҳтиётӣ боиси марги инсон шудааст, гунаҳгор дониста мешавад.

Айбдоркунанда дар додгоҳ талаб карда буд, ки Ефремов ба 11 соли зиндон маҳкум шавад. Парванда боиси таваҷҷӯҳи зиёди ҷамъиятӣ шуд.
Мурофиаи додгоҳии ҳунарпешаи маъруф рӯзи 5 август шурӯъ шуд ва Ефремов дар оғоз гуфт, ки ҳаводиси рӯзи 8-уми июнро ёд надорад ва худро гунаҳгор намеҳисобад. Айбдоркунандаи мурофиа гуфт, ки гунаҳгор будани Ефремовро баёноти полис ва шоҳидон тасдиқ мекунад. 

Вале рӯзи 3-ми сентябр Ефремов гуфт, ки гуноҳашро эътироф мекунад.

Дар ҳодисаи бархӯрди мошинҳо Сергей Захарови 57-сола ҷароҳати сангин бардошт ва дар беморхона даргузашт. Баъди санҷиш табибон гуфтанд, ки дар хуни Ефремов нишонаҳои маводи мухаддир, аз ҷумла кокаин пайдо шудааст. Михаил Ефремов, ҳунарпешаи театру кино солҳои охир бо ҳунарнамоиҳои инфиродиву ҳаҷву мазҳакаҳои сиёсӣ, аз ҷумла интиқоди президенти Русия Владимир Путин дар миёни мардум бисёр маъруф шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.