расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Интихоботи ИМА ва баҳси воксина

. / Ҷаҳон

Интихоботи ИМА ва баҳси воксина


Президент Доналд Трамп мехоҳад бори дуюм президент шавад

Мавзӯи эҷоди воксинаи зидди COVID-19 дар маъракаи интихоботи президентии ИМА доғ шуд. Дар ин кишвар шумори олудашудаҳо ба коронавирус 25 ҳазор нафар бештар гардид ва шумори умумии кушташудаҳо аз ин вирус ба 190 ҳазор нафар баробар шуд. Президент 

Доналд Трамп, ки мехоҳад дубора ба курсии президентӣ нишинад, гуфт, ки ваксинаи нав пеш аз овоздиҳии рӯзи 3-юми ноябр дастрас хоҳад шуд. Трамп рӯзи 7-уми сентябр номзади мақоми муовини президент аз демократҳо Камола Ҳаррисро интиқод кард ва гуфт, ки ӯ бо ҳадафҳои сиёсӣ ба суханбозиҳои бефоидаи зидди воксина пардохтааст. Ӯ инчунин гуфт, ки демократҳо бо ваъдаи муассир ва амн будани воксинаи нав “барои кишвар хатар эҷод мекунанд”. Қабл аз ин Ҳаррис гуфт, ки баа гапи Трамп дар бораи ин ки дастрасӣ ба воксинаро 

таъмин мекунад, бовар надорад. Ӯ дар сӯҳбат бо CNN гуфт, ки Трамп дар фикри интихоби дубора аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.