расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Тағйироти кадрӣ дар мақомоти қудратии Белорус

. / Ҷаҳон

Тағйироти кадрӣ дар мақомоти қудратии Белорус



Президенти Белорус Александр Лукашенко раиси Кумитаи давлатии амнияти кишвараш Валерий Вакулчикро котиби Шӯрои амният таъйин кард.

Иван Тертел, роҳбари Кумитаи давлатии назорат раиси нави Кумитаи амнияти Белорус таъйин шудааст. Дар ин бора хабаргузориҳои Белорус иттилоъ доданд.

Ин дар ҳолест, ки буҳрони сиёсӣ дар он кишвар идома дорад. Буҳрон баъди он шуруъ шуд, ки мухолифон натиҷаҳои расмии интихоботи президентии рӯзи 9 августро напазируфтанд. Мухолифон истеъфои президент ва баргузории интихоботи навро талаб доранд. Лукашенко мегӯяд, ҳукуматро аз даст нахоҳад дод.

Дар шаҳрҳои Белорус гирдиҳамоиҳои мардумӣ бо талаби истеъфои Лукашенко пайваста баргузор мешавад. Бино ба иттилои нозирон, яке аз чунин гирдиҳамоиҳо дар маркази шаҳри Минск наздики 200 ҳазор касро ҷамъ овард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.