расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Қазияи Навалний дар НАТО баррасӣ мешавад

. / Ҷаҳон

Қазияи Навалний дар НАТО баррасӣ мешавад


Алексей Навалний аз рӯзи 20-уми август бемор аст ва дар беморхонаи "Шерите"-и шаҳри Берлин муолиҷа мешавад

Масъулини НАТО дар умури дифоӣ рӯзи 4 сентябр барои баррасии қазияи пешвои мухолифони рус Алексей Навалний ташкили ҷаласа мекунанд, ки бо як навъи заҳри сохташуда бо ҳадафҳои низомӣ заҳролуд шуда феълан дар беморхонаи Олмон муолиҷа мешавад. Эътилофи низомие иборат аз 30 узв қарор аст аз Русия даъват кунад, ки як тафтишоти комилу шаффофе барпо бикунад, вале бовар намеравад, ки тадбирҳои мушаххасе дар ин замина билофосила эълон шавад. Рӯзи 2 сентябр Олмон гуфт, ки санҷишҳои токсикологӣ бо “далелҳои радднопазир” собит карданд, ки мунаққиди Кремл бо заҳри навъи “Новичок” заҳролуд шудааст. Навалнии 44-сола рӯзи 20-уми август дар ҳавопаймо, ҳангоми парвоз аз Сибир ба Маскав худро бад ҳис кард ва ҳавопаймо дар шаҳри Омск фуруд омаду ӯро ду рӯз дар беморхонаи маҳаллӣ муолиҷа карданд. Танҳо баъди ин ӯро ба Олмон интиқол доданд. Навалний ҳоло дар беморхонаи “Шерите”-и Берлин дар ҳолати кома ё беҳушии маснуӣ буда, ҳолаташ сангин гуфта мешавад. То ҳол Русия бисёр иттилоъ дар бораи ҳолати Навалнийро рад карда ин қазияро дорои ангезаҳои сиёсӣ номидааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.