расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Дар Париж мурофиаи ҳамлагарони ҳафтаномаи "Charlie Hebdo” шурӯъ шуд

. / Ҷаҳон

Дар Париж мурофиаи ҳамлагарони ҳафтаномаи "Charlie Hebdo” шурӯъ шуд


Дар оғози мурофиаи додгоҳии ҳамлагарони нашрияи "Charlie Hebdo” ҳайати додгоҳ ҷамъ мешавад

Дар Париж муҳокимаи додгоҳии 14 муттаҳам дар ташкили ҳамлаи маргбор болои ҳафтаномаи фаронсавии "Charlie Hebdo” дар соли 2015 шурӯъ шуд. Дар рӯзи аввали мурофиа, ки таҳти чораҳои шадиди амниятӣ шурӯъ шуд, 11 муттаҳам дар толори додгоҳ ҳозир шуданд ва се нафари дигар дар ғайбашон муҳокима мешаванд. Ин се нафар, ки якеашон зан мебошад, баъди чанд рӯзи ҳамла ба нашрия ба қаламравҳои зери назари гурӯҳи “Давлати исломӣ” фирор карда буданд. Ин нафаронро барои шарикӣ дар анҷоми амали террористӣ муҳокима мекунанд. Ин нафарон барои ҳамла ва куштори 12 корманди ҳафтаномаи ҳаҷвии "Charlie Hebdo” дар моҳи январи соли 2015 гумонбар мешаванд. Пеш аз оғози мурофиаи додгоҳӣ ҳайати таҳририяи "Charlie Hebdo” карикатураҳои Муҳаммад пайғамбарро, ки он замон мавриди маҳкумияти мусалмонон дар ҷаҳон шуд, дубора он карикатураҳоро нашр кард. Рӯзи 1 сентябр дар Бейрут, пойтахти Лубнон дар посух ба ин савол, ки чаро нашрия дубора ин корро кард, Эммануэл Макрон, президенти Фаронса гуфт:
«Ман фикр мекунам, ки президенти Ҷумҳурии Фаронса ҳақ надорад, ки дар заминаи интихоби ҳайати таҳририя ваё як журналист изҳори назар кунад. Ҳеҷ гоҳ. Чунки масъалаи озодии матбуот ҳаст, ки шумо онро ҳимоят мекунед»
Баъди ҳамла ба нашрияи "Charlie Hebdo” дар Фаронса чандин ҳодисаи дигари дигари террористӣ рух дод, ки дар маҷмӯъ ҷони 250 нафарро гирифт.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.