расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Дастури сарпарасти вазорати дифоъи “Толибон”* ба ҷнгҷӯёни ин гурӯҳ: Афв умумиро риоя кунед

. / Ҷаҳон

Дастури сарпарасти вазорати дифоъи “Толибон”* ба ҷнгҷӯёни ин гурӯҳ: Афв умумиро риоя кунед

Сарпарасти вазорати дифои «Толибон»* мегӯяд, ки афви умумӣ шомили ҳама мешавад ва нерӯҳои «Толибон»* ҳақ надоранд, ки даст ба интиқомҷӯӣ бизананд

 Мулло Муҳаммад Яъқуб, сарпарасти вазири дифои кобинаи «Толибон»* дар як паёме гуфтааст, ки пас аз содир шудани фармони афв, ҳеҷ кас ҳақ надорад аз иҷрои ин амр саркашӣ кунад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба шабакаи телевизионии TOLOnews.

Мулло Яъқуб афзуд, ки онҳое, ки баҳсҳои шахсӣ доранд, бояд ба додгоҳ муроҷиат кунанд, вагарна нафароне, ки ба худсарӣ даст мезананд, муҷозот хоҳанд шуд.

Вазири дифоъ дар ин паёми садоии худ мегуяд, ки гузоришҳои вуҷуд доранд, ки «Толибон»* шуморе аз касонеро, ки бо онон мухолифат ва ҳам душманӣ доштанд ба қатл расонидаанд.

Дар ҳамин ҳол, шуморе аз наздикони сарбозони собиқи ҳукумат мегӯянд, ки аъзои хонаводаи онҳо, ки низомӣ буданд, то ҳол дар дасти «Толибон»* қарор доранд ва онҳо аз «Толибон»* даъват мекунанд, ки татбиқи афви умумӣ онҳоро озод намоянд.

Ин дар ҳолест, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз бесарусомонӣ дар Кобул ахиран як комиссиюни вижаи амниятӣ таъсис дода шуд, ки таҳти раёсати он Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини аввали сарвазир фаъолият мекунад.

Сарчашма. ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.