расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Дар Элбруси Русия панҷ кӯҳнавард кушта шуд

. / Ҷаҳон

Дар Элбруси Русия панҷ кӯҳнавард кушта шуд

Кормандони вазорати ҳолатҳои изтирории Русия дар амалиёти наҷот иштирок мекунанд. 23-юми сентябри соли 2021, ҷумҳурии Қабардину Балқор, минтақаи Қафқози Шимолӣ

Дар Русия аз миёни 19 кӯҳнаварде, ки талош карданд қуллаи баландтарини Элбрусро фатҳ кунанд, панҷ нафарашон куштаву 11 нафарашон захмӣ шуданд. Ин гурӯҳ шоми 23-юми сентябр дархости наҷот карда буданд. Дар ин гурӯҳ, ба иттилои Интерфакс, намояндагони 11 минтақаи Русия аъзо буданд. 14 нафарашонро дар амалиёти ҷустуҷӯ, ки бо ширкати 70 наҷотбахшу 16 васоили нақлиётӣ барпо шуд, зинда пайдо карданд. Фарзияи пешакии сабабҳои фоҷеа бад шудани ҳаво ва бориши зиёди барфу тӯфон гуфта мешавад. Шоми панҷшанбе суръати бод 40 метр дар сония ва ҳарорати ҳаво минус 20 дараҷа Селсияро ташкил медод. Барфу тӯфон имкони диданро ҳам мушкил кард ва кӯҳнавардон танҳо фосилаи 1 метр аз ҳамдигарро ба сахтӣ дида метавонистанд, менависад Радио Свобода. Ҳеҷ яке аз ҳайати гурӯҳ кӯнаварди касбӣ набудааст.

Аризаи фатҳи қуллаҳои Элбрусро ин гурӯҳ аз қабл дар вазорати ҳолатҳои изтирории Русия сабт карда, ҳангоми ирсоли занги хатар ва дархости наҷот дар баландии 5400 метр дар сатҳи баҳр қарор доштааст.

Элбрус дар ҳудудҳои Қафқози Шимолӣ ҷойгир буда, яке аз маконҳои маъруф дар миёни кӯҳнавардони ҷаҳон ба шумор меравад.

Сарчашма. ​Радиои Озодӣ​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.