расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Зиндоние, ки шиканҷаи пеш аз қатли варзишгари эрониро дидааст, даргузашт

. / Ҷаҳон

Зиндоние, ки шиканҷаи пеш аз қатли варзишгари эрониро дидааст, даргузашт

Шоҳин Носирӣ аз дохили зиндон нақл кард, ки шоҳиди шиканҷаи пеш аз марги варзишгар Навид Афкорӣ шудааст

Мақомоти эронӣ тасдиқ карданд, ки Шоҳин Носирӣ, як зиндоние, ки иддао кардааст пеш аз иҷро шудани ҳукми қатли гӯштигир Навид Афкорӣ дар оғози соли ҷорӣ шоҳиди шиканҷа шудани ӯ будааст, даргузашт.

Мақомоти зиндонҳо рӯзи 23-юми сентябр гуфтанд, ки сабаби марги Носирои, ки дар зиндони «Теҳрони бузург» рух додааст, таҳқиқ мекунанд. Ду рӯз пеш аз ин як созмони Ҳуқуқи башари Эрон, воқеъ дар Осло бо нашри гузорише гуфт, ки «Носирӣ баъди интиқолаш ба утоқи якҳуҷраӣ дар шароити мармуз даргузашт».

Ин созмон гуфт, ки дар солгарди ҳукми қатли Афкорӣ, ки барои куштори як афсари амниятӣ дар эътирозҳои зиддиҳукуматии соли 2018 ба ҳукми қатл маҳкум шуд, Носириро ба макони номуайян интиқол доданд.

Афкорӣ 12 сентябри соли 2020 ба дор овехта шуд ва ин кори мақомоти эронӣ маҳкумиятҳои ҷомеаи байналмилалиро ба бор овард. Ҳомиёни ҳуқуқ гуфтанд, ки Афкорӣ шиканҷа шуд ва баъди ин иттиҳомоти дурӯғинро ба гардан гирифт. Вакили дифои ӯ гуфт, ки исботи гунаҳгор будани ӯ вуҷуд надорад. Мақомот шиканҷа шудани Афкориро рад мекунанд.
Шоҳин Носирӣ аз дохили зиндон нақл кард, ки шоҳиди шиканҷаи пеш аз марги варзишгар Навид Афкорӣ шудааст

Мақомоти эронӣ тасдиқ карданд, ки Шоҳин Носирӣ, як зиндоние, ки иддао кардааст пеш аз иҷро шудани ҳукми қатли гӯштигир Навид Афкорӣ дар оғози соли ҷорӣ шоҳиди шиканҷа шудани ӯ будааст, даргузашт.

Мақомоти зиндонҳо рӯзи 23-юми сентябр гуфтанд, ки сабаби марги Носирои, ки дар зиндони «Теҳрони бузург» рух додааст, таҳқиқ мекунанд. Ду рӯз пеш аз ин як созмони Ҳуқуқи башари Эрон, воқеъ дар Осло бо нашри гузорише гуфт, ки «Носирӣ баъди интиқолаш ба утоқи якҳуҷраӣ дар шароити мармуз даргузашт». Ин созмон гуфт, ки дар солгарди ҳукми қатли Афкорӣ, ки барои куштори як афсари амниятӣ дар эътирозҳои зиддиҳукуматии соли 2018 ба ҳукми қатл маҳкум шуд, Носириро ба макони номуайян интиқол доданд.

Афкорӣ 12 сентябри соли 2020 ба дор овехта шуд ва ин кори мақомоти эронӣ маҳкумиятҳои ҷомеаи байналмилалиро ба бор овард. Ҳомиёни ҳуқуқ гуфтанд, ки Афкорӣ шиканҷа шуд ва баъди ин иттиҳомоти дурӯғинро ба гардан гирифт. Вакили дифои ӯ гуфт, ки исботи гунаҳгор будани ӯ вуҷуд надорад. Мақомот шиканҷа шудани Афкориро рад мекунанд.

Сарчашма. ​Радиои Озодӣ​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.