расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Қазоқистон аз Кобул 35 қазоқтабор ва як сокини Қирғизистонро берун овард

. / Ҷаҳон

Қазоқистон аз Кобул 35 қазоқтабор ва як сокини Қирғизистонро берун овард

Акс аз вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон

Ҳавопаймои вазорати мудофиаи Қазоқистон ҳомили мусофирон аз Афғонистон шоми 9 сентябр дар фурудгоҳи Алмаато фуруд омад.

Ҳавопаймо 41 мусофир дошт, ки аз ин шумор 35 нафарашон қазоқтаборони Афғонистон буданд. Онҳо ба ватани таърихии худ кӯч бастаанд. Мусофирони дигар — чаҳор тан шаҳрвандони Қазоқистон, як афғони муқими Қазоқистон ва як тан шаҳрванди Қирғизистон будаанд.

Гуфта мешавад, дар Афғонистони таҳти идораи «Толибон» садҳо қазоқтабори дигар боқӣ мондааст, ки хоҳиши кӯч бастан ба Қазоқистонро доранд.

Сарчашма: ​Радиои Озодӣ​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.