расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Раҳбари СММ: "Мо бояд дар муколама бо Толибон бошем"

. / Ҷаҳон

Раҳбари СММ: "Мо бояд дар муколама бо Толибон бошем"

Антонио Гутерреш, дабири кулли СММ

Дабири кулли СММ Антонио Гутерреш аз ҷомеаи байналмилалӣ тақозо кард, ки муколама бо ҳукумати «Толибон» дар Афғонистонро идома бидинад, то ки аз «шикасти иқтисодӣ» дар ин кишвари ҷангзада пешгирӣ шавад. Сӯҳбати Гутерреш бо Франс-Пресс рӯзи 10-уми сентябр нашр шуд. Бо сари кор омадани «Толибон» дар Афғонистон ва эҳсоси нигарониву тарси бисёриҳо аз шеваи сахту бераҳмонаи ҳукуматдории ин гурӯҳи тундрави исломӣ, хатари афзоиши тақозо барои тарки Афғонистон кардани мардум ҳам зиёд мешавад. Дар гузоришҳо аз эътирозҳои зидди «Толибон» дар бораи ҳамла ба фаъолони маданӣ — занону журналистон ва созмонҳои ғайридавлатӣ хабарҳо мерасад.

«Толибон» даст ба латукӯби бераҳмонаи бархе эътирозгарон задаанд. Дар чунин вазъият, ба бовари Гутерреш, «мо бояд дар муколама бо Толибон бошем ва принсипҳои худро ба таври мустақим матраҳ кунем, то ки мардуми Афғонистон бидонанд, ки мо бо онҳо эҳсоси ҳамраъйӣ дорем».

Ин дар ҳолест, ки як фиристодаи СММ ҳушдор дод, ки маҳрум кардани Афғонистон аз маблағ бо ин ҳадаф, ки ба дасти Толибон нарасад, ин кишвар ва иқтисодашро бо шикаст рӯбарӯ мекунад. Дебора Лайонс, фиристодаи СММ дар умури Афғонистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ рӯзи 9-уми сентябр гуфт, ки ба гурӯҳи муҳофизакори Толибон бояд шанс дода шавад, чун ин гурӯҳ дар самти дасткашӣ аз муқовимат ва ҳаракат ба самти мудирияти кишвар аст.

Сарчашма:​Радиои Озодӣ​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.