расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Панҷшер суқут кард? Вокуниши Аҳмад Масъуд

. / Ҷаҳон

Панҷшер суқут кард? Вокуниши Аҳмад Масъуд

Дар ҳоле ки «Толибон»* аз тасаллуташон бар Панҷшер хабар додаанду бо типаррониҳо дар Кобул ин пирӯзияшонро таҷлил мекунанд, Аҳмади Масъуд раҳбари Ҷабҳаи муқовимат мегӯяд, суқути Панҷшер охирин рӯзашон хоҳад буд.

 Ҳаракати «Толибон»* эълон кард, ки пас аз панҷ рӯзи ҷанг муваффақ шуд, ки ба дараи Панҷшер ворид шавад
«Толибон»* иддао доранд, ки ба Париён бузургтарин вулусволии ин вилоят ворид шуданд ва маркази онро ишғол намуданд. Далели суқути Париёнро ин гуфтаанд, ки волии номниҳоди «Толибон» дар ин вилоят зодаи ин вулусволӣ ба номи Мавлавӣ Абдулъалӣ будааст.

Манобеъи «Толибон»* хабар медиҳанд, ки Панҷшерро мукаммал ишғол кардаанд ва Амруллоҳ Солеҳ ба Тоҷикистон фирор кардааст.

Аммо манобеи Sputnik Тоҷикистон мегӯянд, онҳо як каме муваффақ шуданд, ки ба вулусволии Париён, ки волии номниҳоди Панҷшер зодаи он аст, ворид шаванд.

«Бақия ҳарфҳо, ки мезананд, таблиғоти душман аст. Ҷанги мо идома дорад. Мо пирӯзи ин ҷанг хоҳем буд», — гуфт манбаъ.


Ҳамзамон расонаҳо аз фирори Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷунбиши муқовимати миллӣ ва Амруллоҳ Солеҳ, муовини раисҷумҳури Афғонистон, хабар доданд. Яке аз наздикони Аҳмад Масъуд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Аҳмад Масъуд дар Панҷшер аст ва он чӣ гуфта мешавад, таблиғоти Покистон аст.

«Ин дурӯғ аст. Ишғоли Панҷшер рӯзи охирини мо дар зиндагӣ хоҳад буд. Ин ҳарфи раҳбари мост», — гуфт ӯ.
Ҳамзамон наздикони Амруллоҳ Солеҳ низ як навореро дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор доданд, ки мавсуф мегӯяд, дар Панҷшер аст.

Сарчашма. Sputnik.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.