расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер ва Толибон* ба мувофиқа нарасиданд

. / Ҷаҳон

Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер ва Толибон* ба мувофиқа нарасиданд

]Толибон* шикасти гуфтугӯро бо Ҷабҳаи муқовимат эътиров карданд

 Амирхон Муттақӣ, раҳбари Комиссияи раҳбарии Толибон* ба TOLOnews гуфт, музокироти сулҳ бо муқовимати Афғонистон натиҷае надодааст.

Яке аз «дипломатҳо» -и Толибон * қайд кардааст, ки барои ҳалли музокирот бо Панҷшер саъю кӯшиши зиёд ба харҷ дода шудааст, мулоқотҳо бо шахсони расмӣ гузаронида шудаанд.

Сухангӯи ин ҷунбиш афзуд, ки дар Панҷшер нафароне ҳастанд, ки мехоҳанд ҷанг кунанд ва аз сокинони маҳаллӣ хостаанд, то онҳоро барои ҳалли мусолиматомез водор кунанд.

Вай гуфтааст, ки Толибон* ҳоло ҳам мехоҳанд мушкилро бо роҳи осоишта ҳал кунанд.

Муттақӣ ҳамчунин гуфт, ки ба сокинони вилоят барои пайвастан ба ин ҳаракат муроҷиатнома фиристода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар мегӯяд, ки Толибон* ба ҳалли мусолиматомези масъалаҳо майл надоранд.

«Онҳо эълон мекунанд, ки барои сулҳ омадаанд, аммо ба музокироти сулҳ розӣ намешаванд», — гуфт Агбар.

Ёдовар мешавем, ки Панҷшер ягона вилояти Афғонистон таҳти тасарруфи Толибон* надаромадааст ва раҳбарони Ҷабҳаи муқовимат барои қабули ҳукумати оянда шартҳои худро доранд.
* Ташкилоти террористӣ дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.