расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Манбаъ: дар инфиҷорҳои шаҳри Кобул беш аз ҳазор нафар захм бардоштанд

. / Ҷаҳон

Манбаъ: дар инфиҷорҳои шаҳри Кобул беш аз ҳазор нафар захм бардоштанд

Вазорати тандурустии Афғонистон эълон доштаст, ки дар инфиҷорҳои дар шаҳри Кобул беш аз 1300 нафар захм бардоштаанд
 Дар инфиҷорҳои ахире, ки дар майдони ҳавоии Ҳамид Карзай ва шаҳри Кобул сурат гирифт беш аз 1300 нафар захм бардоштаанд, иттилоъ додааст манбаъ аз вазорати тандурустии Афғонистон.

Ба иттилои манбаъ, шумори дақиқи маҷрӯҳон дар натиҷаи ҳамлаҳои террористӣ 1338 нафар будааст. Дар натиҷаи инфоҷорҳо 60 нафар ҷони худро аз даст додааст.

Қаблан рӯзномаи Wall Street Journal хабар дода буд, ки дар ин ҳамлаҳои террористӣ дастикам 90 шаҳрванди Афғонистон ва ҳамчунин тибқи иттилои Пентагон 13 сарбози амрикоӣ кушта шудаанд.

Рӯзи панҷшанбе дар наздикии фурудгоҳи Кобул ду таркиш рух дод. Яке аз ин таркишҳо — дар назди меҳмонхонаи «Барон», ки тибқи гузориши расонаҳо, дар он асосан хориҷиён, аз ҷумла шаҳрвандони Бритониё ва ИМА ба сар мебаранд, сурат гирифт. Аввалин таркиш аз сӯи бомбгузори интиҳорӣ сурат гирифт дигаре бомб ба мошин гузошта шуда буд.

Расонаҳо дар истинод ба изҳороти «ДИИШ» хабар доданд, ки ин гурӯҳ масъулияти ҳамла ба фурудгоҳро бар дӯш гирифтааст. Вашингтон бовар дорад, ки Вилояти Хуросон, узви ДИИШ *дар ин ҳамлаҳо даст дорад.

Иттилоъ дода шудааст, пас аз ин ду инфиҷор дар Кобул чанд таркиши дигар рух дод. Низомиёни ИМА шарҳ доданд, ки ин таркишҳо таҳти назоратанд.

Президенти ИМА Ҷо Байден фармон дод, ки нисбати роҳбарон ва иншооти «Вилояти Хуросон» * амалиёти ҷавобӣ омода намоянд. Вай ваъда дод, ки нафароне, ки дар ин инфиҷорҳо даст доранд муҷозот хоҳанд шуд.

Тағйири ҳукумат дар Афғонистон

Дар заминаи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ Тоибон * ба ҳамлаҳои худ нисбати нерӯҳо ва артиши Афғонистон шиддат бахшиданд ва ба тамоми шаҳрҳои бузрги кишварро ишғол карданд ва сипас эълон доштанд, ки ҷанги бистсола дар ин кишвар хотима ёфт. Ҳоло масъалаи механизми идоракунии давлат баррасӣ мешавад. Тавре қаблан хабар дода шуда буд давлатро шӯрои иборат аз 12 нафарӣ идора хоҳад кард.

Ягона макони муқовимат ба Толибон дар вилояти Панҷшер боқӣ мондааст, ки дар он нерӯҳо таҳти сарварии Аҳмад Масъуд ҷойгиранд.
Баровардани хориҷиён ва сокинони маҳаллӣ, ки бо хориҷиён ҳамкорӣ мекарданд, тавассути фурудгоҳи пойтахти Афғонистон идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.