расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » АЗ ҚАБРКАНҲОИ СССР ТО НАФАРОНЕ, КИ ОНРО ҲИФЗ КАРДАНИЯНД

. / Ҷаҳон

АЗ ҚАБРКАНҲОИ СССР ТО НАФАРОНЕ, КИ ОНРО ҲИФЗ КАРДАНИЯНД

Дар соли 1994 Ал. Лукашенко бо шиори эҳёи СССР сари кор омад ва 80,3% овоз гирифт. Баъдан ин ваъдаашро фаромӯш карду оқибаташ он чӣ шуд, ки акнун мебинем…
Лукаи муқаддас ва ғайраҳо
Александр Лукашенко, он же Батко Лука ва Лукаи муқаддас (исмҳои гӯшнавози мардумияш) дар тӯли 26 соли ҳукмронӣ ба ин печидагие сарукор надошт, ки имрӯз ёраш гардида. Ва ҳамааш аз чӣ сар шуд? Аз бепарвофалакии худи Лукашенко, ки оппозитсионерҳои худро «3 беваи лави ов» номиду аз пушташон нашуд. Ҳарчанд мегуфтанд, ки паси ин беваҳо Бруссел, Бонн, Париж ва Вашингтон меистанд… Вале биёед аз аввал сар кунем.
Лукашенко наҷотбахши Белорус
Вақте дар соли 1994, аккурат, дар 40-солагияш, Александр Григоревич дар интихоботи нахустини демократии Республикаи мухтори Беларусия ширкат кард, ба ӯ чун ба наҷотбахши давлат мардум раъй дод. Зеро яке аз бандҳои интихоботии ин чеҳраи нав, эҳёи давлати сағерапарвари СССР буд, ки аккурат, 3 сол пеш, президенти нахустини РСС Белорусия дар дастаҷамъӣ бо Елтсину Кравчук-2 майзадаи хохолу урус, барҳамаш зада буданд. Ӯ дар ин маснад Станислав Шушкевичро иваз кард. Ҳамонеро, ки дар соли 1991 Созишномаи Беловежская Пучаро имзо гузоштаву СССР-ро барҳам зада буд. 
Шояд суоле сар занад, ки «при чем тут Шушкевич?», а, «при том», ки Белорусия, Украина ва Россия асосгузорони давлати советӣ буданд. Ва душманони СССР барои куллан лағв кардани ин абарқудрат маҳз сари ин 3 майзадаро гарм карданд-Шушкевич, Кравчук ва Елтсинро, ки мутаносибан президентҳои ин 3 кишвар буданд.
Инфо барои андеша:
Станисла́в Станисла́вович Шушке́вич (белор. Станіслаӯ Станіслававіч Шушкевіч; 15 декабри 1934 с.т. Минск, РСС Белоруссия , СССР) — корманди ҳизбии советиву белорусӣ, сиёсатмадор, давлатмард, Раиси Шӯрои Олии Белорусия, (1991—1994), ки Қонуни №1085-XII-ро қабул карда, РСС Белорусияро Республикаи Беларус эълон намуда, соли 1991 зери «Созишномаи Беловежская» имзо гузошта, СССР-ро барҳам зад.
Анархия дар Белорусия
Даврони раҳбарии Шушкевичро даврони аз ҳама заъифтарини ин давлат ном мебаранд. Ба таҳқиқ Виктор Чернов рост мегуфт, ки навишт, «дар Белорусия, дар даврони Шушкевич ҳукумати квазипарламентӣ, яъне на парлумонӣ ва на премйерӣ, ё ҳар ду ҳукмрон буд!». Зеро сарвазир Вячеслав Кебич ҳукуматро аккурат 2 пора карда буд. Чизе мисли оне, ки Абдумалик Абдуллоҷонов карданӣ буду тираш хок хӯрд…Ва дар чунин шароит табиист, ки мардум дасти тавоно ва роҳбари қавиирода-ба гуфти худи булбашҳо «МУЖИК» мехостанд ва ин мужик дар симои Александр Лукашенко пайдо шуд. Мардум ба Лукашенко 80,3% раъй дод! 
Тааҷҷубовар нест, ки ҳоло низ ба ӯ беш аз 80% раъй додаанду Ғарбу Амрико онро рад мекунад? 
Инфо барои андеша: Интихобҳои қаблии Лукашенко
1.10.07.1994-80,3%
2.09.09.2001-75,6%
3.19.03.2006-83%
4.19.12.2010-79,6%
5.11.10.2015-83,5%
Диктатор-уходи! Вале куди???
Дар тӯли 26 сол ва ширкат дар 6 интихобот Лукашенко аз 75-80% раъй камтар нагирифтааст. Вале Кравчук, президенти Украина, ки аккурат бо Станислав Шушкевичу Елтсин зери «Созишномаи Беловежская» имзо гузоштаву СССР-ро барҳам зада буд (ниг.ба акс), имрӯз, маҳз имрӯз, на 3-4 давраи интихоботӣ пештар, иддао дорад, ки Батко Лука диктатор асту бояд майдонро тарк кунад. Пурсида мешавад, ба куҷо равад? Маскав гурезад ё Киев? 
Мутаассуф, барои оппозитсияи белорусӣ, Батко «мужик» аст ва ҳеҷ гоҳ намегурезад ва кор ҳатман то хунрезӣ мекашад, агар Ғарб пофишорӣ кунад…
Ин дар ҳолест, ки ҳадаф аз бенизомиҳо дар Беларус нооромсозии вазъ дар…Русия аст! На бешу на камтар! Имрӯз марзҳои НАТО то Ростов расидаанд ва Украина такягоҳ ҳам не, ки бункери асосии НАТО шудааст ва ВВП хеле беақл бояд буда бошад, ки Минскро низ ба «қувваҳои демократӣ»-дар асл зиддирусӣ вогузорад. Баробари рафтани Лукашенко нахустин қароре, ки ҳукумати нав қабул мекунад, ин иҷозати вуруди солдати НАТО ба қаламрави Минск хоҳад буд! Мутмаин бошед. Мо Метавонем!
Инфо барои андеша:
Леони́д Мака́рович Кравчу́к (укр. Леонід Макарович Кравчук; с.т.10.01.1934, деҳаи Великий Житини вилояти Волини Полша), корманди ҳизбии украина ва советӣ, нахуст-президенти Украина (1991-1994). 08.12.1991 аз номи Украина бо Елтсину Шушкевич СССР-ро барҳам зад. 19.06.1992 Кравчук зери Қонуне имзо гузошт, ки ба забон овардани номи СССР дар қаламраваш пурра манъ гардид. Ҷулетто Кйезо-журналисти итолиёвӣ дар китобаш «Алвидоъ, Россия!» менависад, ки ташаббускори асливу усулии коллапси СССР маҳз Кравчуки полшавӣ буд, ки солҳои тӯлонӣ дар пӯсти гӯсфанд, дар зинаҳои баландтарини КПСС кор мекарду дар асл қабри шӯравиро ӯ меканд. Дар соли 2016 худи Леонид Макарович менависад:-Ман гӯркови асосии СССР будам!!!
Инфо барои андеша:
Елтсин баъди пош додани СССР ва саркӯбии ГКЧП, ки охирон кӯшиши ҳифзи СССР буд, ба Америка рафта, дар Конгресс ингуна рапорт медиҳад (забони асл):
-Уважаемые члены Конгресса, каждый человек несёт печать своего времени, ни для кого не делается исключения: ни для рядового гражданина, ни для президента. Многое пережито, многое переосмыслено. И вот сейчас хотел бы закончить своё выступление словами из песни американского композитора российского происхождения Ирвинга Берлина: «Господи, благослови Америку!»…
Инро президенти кишваре мегуфт, ки дару тирезаҳои ҳамсоякишварҳояшро боз кардаву НАТО-душмани №1 барои Русияро ба марзҳои Кремлин роҳ дод. Имрӯз Путин ва Лукашенко азияти 29 сол қаблии Шушкевичу Кравчуку Елтсинро мекашанд ва хоҳанд кашид. Журналистони мо бошанд, ҳини баррасии вазъи Беларус «кордро мебинанду кадуро на!» ва сафсаттаҳои демократӣ мебофанду ҳадаф, мақсад ва наққошони асили митингҳои белорусиро намебинанд ва ё диданӣ нестанд. Мо Метавонем!
Муҳаммади Мубориз
Махсус барои СССР

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.