расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Раъйпурсӣ барои тағйири Конститутсияи Қирғизистон моҳи апрел баргузор мешавад

. / Ҷаҳон

Раъйпурсӣ барои тағйири Конститутсияи Қирғизистон моҳи апрел баргузор мешавад

Раъйпурсӣ барои тағйир додани Конститутсияи Қирғизистон 11-уми апрели имсол баргузор мешавад. Вакилони порлумони Қирғизистон лоиҳаи баргузории раъйпурсиро қабул карданд.
Ба ин тартиб, раъйпурсӣ ҳамроҳ бо интихоботи маҳаллӣ баргузор мешавад.
8-уми феврал Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон бо имзои фармоне баргузории интихоботи маҳаллиро 11-уми апрел таъйин карда буд.
Рӯзи 17-уми феврал порлумони он кишвар ба баррасии тарҳи нави Конститутсия шуруъ кард. Тарҳи нав шакли идории президентӣ, таъсиси Қурултойи Мардумӣ, инчунин, коҳиши теъдоди вакилони порлумонро аз 120 ба 90 дар назар дорад.
Дар тарҳи нави Конститутсия омадааст, як шаҳрванд наметавонад, беш аз давраи 5-сола ҳамчун президент интихоб шавад. Бино ба Конститутсияи амалкунандаи Қирғизистон, як шаҳрванд ҳаққи як маротиба барои шаш сол президент интихоб шуданро дорад.
Дар ҳамин ҳол, тарҳи комили Конститутсия дар дастраси умум қарор надорад. Вакилони порлумон низ тарҳи комилро надидаанд.
Баррасии тағйирот дар порлумони Қирғизистон низ баҳсҳои зиёдеро ба бор овард. Мунтақидон мегӯянд, сокинон бо тарҳи нав ошно нестанд, коршиносон низ бо он шинос нашуда ва муҳтавои онро ба мардум нафаҳмондаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.