расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Ду нафар дар таркиши як маркази гармидиҳии Қазоқистон захмӣ шуд

. / Ҷаҳон

Ду нафар дар таркиши як маркази гармидиҳии Қазоқистон захмӣ шуд

Дар Маркази гармидиҳӣ-2-и шаҳри Темиртауи Қазоқистон, ки зиёда аз ними шаҳрро бо гармӣ таъмин мекунад, ҳангоми кафшергарӣ таркиш рух дода, ду корманд захмӣ шудааст.
Бадани яке аз захмиён, ки 51 сол дорад, 95 дарсад сӯхта, роҳҳои болоии нафасаш осеб дидааст ва феълан дар бемористони марказии шаҳр бистарӣ мебошад.
Захмии дувум, марди 50-сола камтар осеб дида, 25 дарсади баданаш сӯхтааст. Ӯро дар бемористони чандинсоҳагии ба номи Макажоноваи Қарағанда бистарӣ кардаанд.
Маркази гармидиҳӣ ба ширкати "АрселорМиттал Темиртау" таалуқ дорад. Дар ширкат гуфтанд, ки таҳқиқи ҳодиса шуруъ шудааст.
Мақомоти маҳаллии Темиртау таркишро "ҳодисаи нохуши гуруҳӣ" номиданд.
Моҳи феврали соли равон низ дар ин марказ таркиш рух дода буд, ки қисми зиёди сокинони шаҳр ду рӯз бегармӣ монданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.