расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Даҳҳо миллион хонандагон дар Аврупо ба мактабҳо баргаштанд

. / Ҷаҳон

Даҳҳо миллион хонандагон дар Аврупо ба мактабҳо баргаштанд


1 сентябр, шурӯи соли нави таҳсил дар яке аз мактабҳои Русия. Волидон дар пушти дари мактаб мемонанд

Бо вуҷуди идомаи паҳншавии пандемияи коронавирус дар Аврупо рӯзи 1 сентябр даҳҳо миллион шогирдон дар Инглистон, Фаронса, Белгия ва Русия ба мактаб баргаштанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки бисёр волидону омӯзгорон ҳарос доранд, ки дубора боз шудани мактабҳо боиси афзоишу паҳншавии бештари COVID-19 мешавад. Вале ҳукуматҳо, ки дар фикри барқарории иқтисодҳо ҳастанд, манфиатдори бозкушоии мактабҳову ба корхонаҳо баргаштани волидони мактабхонҳо ҳастанд. Дар Фаронса омӯзгорону хонандаҳои 11 то 18-сола вазифадор ҳастанд, ки дар дохилу беруни муассисаҳои таълимӣ нақоби тиббӣ бипӯшанд. Дар маҷмӯъ, кори мактабҳо ба ҷуз чанд маҳдудияти ночизи мисли манъи таҷаммӯи зиёди мардум, мисли пешин идома хоҳад кард. Дар мактабҳои Русия барои 17 миллион хонанда пӯшидани ниқоб ҳатмӣ нест, вале мақомот чандин муқаррароти ҳатмиро ҷорӣ кардаанд. Дар Инглистону Уэлс мактабҳо бо риояи “низоми назоратӣ” дубора боз шуданд. Ин низом тамоси ҳадди аққал ва риояи фосилагирии иҷтимоиро тақозо мекунад. Дар саросари Бритониё 1 миллион донишҷӯ барои шурӯи таҳсил омода мешаванд, вале бисёр омӯзгорону масъулин ҷонибдори ба тарзи фосилавӣ идома ёфтани таҳсил мебошанд. Иттиҳоди донишгоҳҳову коллеҷҳои Бритониё бо ишора ба ин ки дар ИМА бисёр донишгоҳҳо дарсҳоро ба таври онлайнӣ шурӯъ мекунанд, талош дорад, ки таҳсили фосилавии онлайнӣ ҳифз шавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.