расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Эрон гуфт, нозирони IAEA ба санҷиши ногаҳонӣ роҳ дода намешаванд, агар...

. / Ҷаҳон

Эрон гуфт, нозирони IAEA ба санҷиши ногаҳонӣ роҳ дода намешаванд, агар...

Рафаэл Гросси, раҳбари кулли Агентии байналмилалии нерӯи ҳастаӣ - як ниҳоди вобаста ба СММ

Эрон мегӯяд, агар тамоми кишварҳои узви Созиши ҳастаии соли 2015 бар асоси бандҳои ин паймон уҳдадориҳои худро иҷро накунанд, сар аз ҳафтаи оянда ба тафтишҳои ногаҳонии коргоҳҳои ҳастаӣ аз сӯйи муфаттишони Агентии байналмилалии нерӯи ҳастаӣ () иҷозат нахоҳад дод. Рӯзи 15-уми феврал фиристодаи Эрон дар Агентии байналмилалии нерӯи ҳастаӣ гуфт, ки кишвараш ин бунгоҳи СММ-ро аз тасмимаш огаҳ кардааст. Козим Ғариб Ободӣ дар шабакаи Твиттер навишт, ки ин қарор 23-уми феврал ба ҳукми иҷро медарояд. Дар ҳамин ҳол сухангӯйи вазорати корҳои хориҷии Эрон Саид Котибзода гуфт, ин ба он маънӣ нест, ки тамоми тафтишҳои Агентии байналмилалии нерӯи ҳастаӣ қатъ мешаванд. Ӯ афзуд, агар мавқеи ҷонибҳои созиш тағйир ёбад, Эрон низ мавқеашро бознигарӣ мекунад. Маъмурияти президенти ИМА Ҷо Байден изҳори омодагӣ кардааст, ки ба созиши соли 2015-ум бипайвандад, вале, ба қавли Вашингтон, ибтидо Теҳрон бояд уҳадориҳояшро ба таври комил иҷро кунад. Теҳрон ҳар гуна пешшартро қабул надорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.