расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Як блогнависи маъруфи рус латукӯб шуд

. / Ҷаҳон

Як блогнависи маъруфи рус латукӯб шуд


Егор Жуков 22 сол дошта, як мунаққиди шадидлаҳни ҳукумати Русия мебошад

Дар Маскав як блогнависи маъруфи мунаққиди ҳукумат мавриди ҳамлаву латукӯб қарор гирифт. Егор Жуков баъди ҳамлаи ду нафари ношинос ҳоло дар беморхонае дар наздикии манзилаш бистарӣ аст. Тими Жуков, ки худро як созмони сиёсӣ меномад, дар Фейсбук хабар дод, ки ҳамла шоми 30 август ва чанд соат баъди он рух дод, ки Жуков дар як барномаи Максим Катс дар YouTube назарашро ба эътирозҳои мардум дар Беларус баён кард. Беларус баъди интихоботи президентии рӯзи 9 август, ки бо пирӯзии президенти амалкунанда Александр Лукашенко анҷомид, шоҳиди эътирозҳои сартосарии мухолифону фаъолон шудааст. Ҳамкорони Жуков акси ӯро бо чеҳраи хунолудаш дар Фейсбук нашр кардаанд. Ҳамкори ӯ Евгений Овчаров дар сӯҳбат бо радиои “Эхо Москвы” гуфт, ки Жуков рӯзи якшанбе тахминан соатҳои 10-и шом дар наздикии манзилаш дар Маскав мавриди ҳамла қарор гирифт. Полиси Маскав рӯзи 31 август гуфт, ки ин ҳодисаро таҳқиқ мекунад ва эҳтимоли боз шудани парвандаи ҷиноӣ вуҷуд дорад. Дар ин гуфтугӯи онлайнӣ Жуков ҳодисаҳои Беларусро “як намуна” хонд ва гуфт, ки ин ҳодисаҳо “аз назари онҳое, ки тарафдори тағйироти демократии сулҳомез мебошанд, бояд амиқан омӯхта шавад”.
Жуков 22 сол дошта, моҳи декабри порсол барои нашри чанд навори видеоӣ дар YouTube ва шарҳҳояш дар бораи эътирозҳои сиёсии Русия дар соли 2017 ба се соли ҳабси шартӣ маҳкум шуд. Тарафдоронаш ҳукми ӯро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд. Жуков низоми сиёсӣ ва ба гуфтааш, нобаробарии иқтисодӣ дар Русияро ба шиддат интиқод мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.