расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Узбекистон имсол 6 маҳбаси сукунатияшро мебандад

. / Ҷаҳон

Узбекистон имсол 6 маҳбаси сукунатияшро мебандад


Узбекистон 12-уми январ нахустин маҳбаси сукунатиеро дар вилояти Қашқадарё, ки тобеи Раёсати иҷрои ҷазои Вазорати умури дохилии он кишвар буд, пурра баст.
Зиндониёне, ки дар ин маҳбас адои ҷазо мекарданд, ба муассисаҳои ислоҳии дигар интиқол дода шуданд.
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 29-декабри соли гузашта дар паёми худ ба порлумон гуфта буд, ки тасмим доранд, шумори маҳбасҳои сукунатиро дар он кишвар 25 адад кам кунанд.
"Имсол қарор аст, шаш маҳбаси сукунатӣ дар вилоятҳои Тошканд, Ҷиззах, Қашқадарё ва Сурхандарё баста шавад. Бештари зиндониён озод хоҳанд шуд. Вале дар миёнашон онҳое низ ҳастанд, ки ба зиндонҳои дигар интиқол дода мешаванд", - изҳор дошт Мирзиёев.
Дар ҷаласаи Кумита порлумони Узбекистон дар умури дифоъ ва амният хабар дода шуд, ки дар ин кишвар аз ҳар 100 ҳазор нафар 68 кас дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо мекунад. Бино ба иттилои расмӣ, дар ин кишвар 18 зиндони дорои низоми сахт, 25 муассисаи ислоҳӣ ва 11 боздоштгоҳи муваққатӣ фаъолият мекунад.
Бар пояи омори Вазорати умури дохилии Узбекистон, дар зиндонҳои он кишвар беш аз 22 ҳазор зиндонӣ нигаҳдорӣ мешавад. Беш аз 14 ҳазори онҳо дар зиндонҳои низомашон сахт адои ҷазо мекунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.