расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Қасди террори сарпарасти сафорати ИМА дар Кобул пешгирӣ шуд

. / Ҷаҳон

Қасди террори сарпарасти сафорати ИМА дар Кобул пешгирӣ шуд

Раёсати амнияти миллиии Афғонистон 12.01.2021 хабар додааст, кигурӯҳи чоҳорнафарии аъзои “Давлати Исломии Ироқ ва Шом” (мамнуъ дар Тоҷикистон), ки қасд дошт  иҷрокунандаи вазифаи сафири ИМА дар Афғонистон ва чанд мансабдори афғонро ба қатл бирасонадбоздошт шудааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии 1tvnews.af.

Воҳиди дуюми Раёсати мазкур бо нашри хабарномае гуфтааст, ки ин гурӯҳ қасд дошт Росс Вилсон, иҷрокунандаи вазифаи сафири ИМА дар 
Афғонистон ва чанд мансабдори афғонро ҳадафи ҳамлаҳои террористии худ қарор бидиҳад.

Раёсати амният дар ин бора тафсилоти бештар надодааст ва сафорати ИМА дар Кобул то ҳол дар ин бора изҳори назар накардааст.
Ҷаноби Вилсон қаблан ҳамлаҳои ҳадафманди террористиро алайҳи  рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Афғонистон маҳкум карда буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.