ПАХШИ МУСТАҚИМ: ЭЪТИРОЗҲО ДАР БЕЛАРУС ДАР ЗОДРӮЗИ ЛУКАШЕНКО
Дар шаҳри Минск ва дигар шаҳру минтақаҳои Беларус рӯзи 30 август эътирозҳои ҷадид ба зидди тақаллуби натиҷаҳои интихобот доир шуд.Тазоҳуроти навбатӣ рӯзи 30 август, дар рӯзе доир шуд, ки президенти худхондаи Беларус Лукашенко зодрӯз дорад. Ӯ имрӯз ба синни 66 расид.
Лукашенко аз соли 1994, инак 26 сол боз бар Беларус раҳбарӣ мекунад. Дар интихоботи президентии рӯзи 9 август ӯро дигарбора ғолиб эълон карданд. Бино ба натиҷаҳои расман эълоншуда, Лукашенко гӯё 80% ва рақиби асосиаш – Светлана Тихановская – гӯё ҳамагӣ 10% овоз гирифтаанд.
Вале ба ин натиҷаҳои расман эълоншуда бисёриҳо бовар надоранд. Аз 9 август, инак 22 рӯз боз дар Беларус намоишҳои эътирозӣ идома доранд. Эътирозгарон истеъфои Лукашенко ва баргузории интихоботи наву одилонаро талаб доранд.
Рӯзҳои якшанбе дар Минск дар ин намоишҳои эътирозӣ то 200 ҳазор нафар гирд меоянд. Рӯзи 29 август дар Минск марши занон ба зидди Лукашенко доир шуд.