расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Сокинони баландошёнаҳои Туркманистон аз сардии хонаҳо дар фасли сармо шикоят доранд

. / Ҷаҳон

Сокинони баландошёнаҳои Туркманистон аз сардии хонаҳо дар фасли сармо шикоят доранд

Акс аз бойгонӣ

Сокинони шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон шикоят доранд, ки дар ҳавои 10 дараҷа сард дар хонаҳои сард зиндагӣ доранд.
Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Ишқобод мегӯяд, сокинони пойтахти Туркманистон аз он шикоят доранд, ки низоми гармидиҳии шаҳр дар фасли сармо тавони гарм кардани хонаҳои онҳоро надорад ва онҳо ҳоло маҷбур ҳастанд, дар хонаҳои сард зиндагӣ кунанд.
"Аз Хадамоти коммуналӣ омаданд, қубурҳоро санҷиданд. Дар қубурҳо об ҳаст, вале оби хунук ва фишораш ҳам хеле паст аст", - изҳор дошт як сокини Ишқобод.
Як сокини дигари пойтахти Туркманистон гуфт, ба далели хуб кор накардани низоми гармидиҳӣ маҷбур ҳастанд, ки шабона хонаҳоро бо дастгоҳҳои газии ғизопазӣ гарм кунанд.
Як мутахассиси соҳа аз Ишқобод ба шарти ифшо нашудани номаш ба бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфт, бештари зербиноиҳои пойтахти Туркманистон, бахусус қубурҳои оби гарм ҳам дар биноҳои солҳои 80-ум ва ҳам биноҳи баъди соли 2000-ум дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Ба гуфтаи ӯ, сокинони Ишқобод чанд сол аст, ки бо ин мушкил рӯбарӯ ҳастанд. "Ин вазъ 20 сол аст, идома дорад", - афзуд ӯ.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.