расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Як сокини Ашт дар сӯхтори манзилаш ҷон дод

. / Ҷаҳон

Як сокини Ашт дар сӯхтори манзилаш ҷон дод

Акс аз бойгонӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз як сӯхтори фоҷеабор дар ноҳияи Ашт хабар медиҳад, ки як қурбонӣ доштааст. Ба қавли манбаъ, ҳодиса нимашаб дар манзили як сокини 76-солаи ҷамоати Ориёнои ин ноҳия рух додааст.
Мақомот гуфтанд, оташнишонҳо алангаи сӯхторро хомӯш карданд, вале дар пайи ҳодиса соҳибхонаи 76-сола ба ҳалокат расидааст.
Сабаби сар задани сӯхтор риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи бухорӣ гуфта мешавад. Дар як ҳафтаи охир ин ҳодисаи дуввуми ҳалокатбор бинобар истифода аз бухорӣ аст. Дар Шаби соли нав ду сокини шаҳри Ҳисор аз дуди ангишт ба ҳалокат расида, як каси дигар ба бемористон интиқол дода шуда буд.
Ин рӯзҳо дар Тоҷикистон сардӣ ҳукмфармост ва шабона ҳам интиқоли барқ ба манзили сокинон дар деҳот қатъ мешавад. Дар чунин шароит сокинони русто барои гарм кардани манзил аз бухорӣ истифода мекунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.