расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Конгресси ИМА пирӯзии Байденро таъйид кард

. / Ҷаҳон

Конгресси ИМА пирӯзии Байденро таъйид кард

Ҳамин тариқ Байдени 78-сола 46-умин раисҷумҳури Амрико шуд.

Сурат: Susan Walsh / AP
Конгресси ИМА дар ҷаласаи муштараки ҳар ду маҷлис пирӯзии Ҷо Байденро дар интихоботи моҳи ноябри соли 2021 таъйид кард. Ҳамин тавр Байдени 78-сола баъди маросими савгандёдкунӣ, ки қарор аст 20-уми январ баргузор шавад, раисҷумҳури 46-уми Амрико хоҳад буд. 
Тасдиқи оро расмиёти охирини интихоботи Амрико буд ва ҳамингуна иҷоза медиҳад, ки Ҷо Байден ва муовини баргузидаи ӯ Камалла Ҳари рӯзи 20-уми январ расман савганд ёд кунанд. Аз ҳисоби ҳайатҳои интихоботӣ Ҷо Байден 306 раъй ва Доналд Трамп 232 раъй ба даст овардаанд.
Конгресс пирӯзи Байденро дар ҳоле таъйид кард, ки рӯзи чоршанбе шуморе аз ҳаводорони Доналд Трамп, ки дар интихобот шикаст хӯрд ба бинои Капитол ҳуҷум карданд ва ҷаласаи муштаракро барҳам заданд. Дар натиҷаи ин ҳамлаи ҳаводорони Трамп 4 нафар ба ҳалокат расидаву 80 нафарро пулис боздошт кард. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.