расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Чин коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустиро ба Вуҳан роҳ надод

. / Ҷаҳон

Чин коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустиро ба Вуҳан роҳ надод

Қарор буд ин коршиносон дар шаҳри Вуҳани Чин, ки нуқтаи оғози пайдоиши коронавирус буд ба таҳқиқ ва омӯзиш машғул шаванд.

Сурат: AP/TASS
Чин ба коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иҷоза надод ба ин кишвар бираванд ва далелҳои хуруҷи бемории коронавируси COVID-19-ро таҳқиқ кунунад. Қарор буд ин коршиносон ба шаҳри Вуҳани Чин, ки нуқтаи оғози ин бемории ҳамагир буд бираванд. 
Дар ин бора Тедрос Аданом Гебрейесус, роҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар додааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки пештар барои рафтани ин ҳайати коршиносон ба Чин мувофиқа ҳосил шуда буд. Хабаргузории Ройтерз ҳам навиштааст, ки  Роҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфтааст онҳо озими Чин буданд.  
Як намояндаи СҶТ рӯзи 16-уми декабри соли гузашта гуфта буд, ки Пекин аз иқдоми рафтани гуруҳи таҳқиқӣ дар мавриди асли пайдоиши коронавирус дар соли 2019 ба шаҳри Вуҳан,  истиқбол кардааст.
СҶТ гуфтааст, ки онҳо бо мақомоти аршади Чин дар тамос буданд ва бархе аз ин коршиносон дар роҳи сафар буданд, ки акнун маҷбуранд аз роҳ барганданд.  
Ин амалкарди Чин дар ҳоле аст, ки хуруҷи коронавирус дар Чин интиқодҳои зиёдеро барои Пекин ба думбол дошт. Кишварҳои мухталифи ҷаҳон аз ҷумла Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аз рафтори Чин дар мубориза бо COVID-19 интиқод кардаанд.
Аз замони пайдо шудани беморӣ дар шаҳри Вуҳан дар як соли қабл, то кунун бар асари пандемияи фарогири коронавирус беш аз 1,8 миллион нафар дар саросари ҷаҳон ҷон бохта ва зиёда аз 86 миллион кас ба ин беморӣ мубтало шудаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.