расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Дар Балх як афсари полис ва як пири қабила кушта шуданд

. / Ҷаҳон

Дар Балх як афсари полис ва як пири қабила кушта шуданд



Мақомоти амниятии Балхи Афғонистон мегӯянд, ки дар пайи ду ҳодисаи ҷудогона дар шаҳри Мазори Шариф, маркази ин вилоят, як афсари полис ва як пешвои қавмӣ кушта шудаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии «1tvnews.af».
Одилшоҳ Одил, сухангӯи полиси Балх, рӯзи душанбе, 04.01.2021 ба «1tvnews.af» гуфт, ки Муҳаммад Ҳошим, як маъмури пулиси Бадахшон, ки дар Мазори Шариф дар рухсатӣ буд, шаби гузашта дар ҳамлаи афроди мусаллаҳи номаълум кушта шудааст.
Вай афзуд, ки ҳодиса дар минтақаи «Лоиҳаи Холид бин Валид»-и Мазори Шариф рух додааст.
Ҷаноби Одил инчунин илова намуд, ки дар як ҳодисаи дигар як пири қабила аз ҷониби афроди ношинос дар шаҳри Мазори Шариф кушта шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин ҳодиса шаби гузашта ҳангоми адои намози хуфтан дар масҷиди ҳавзаи чоруми амниятии Мазори Шариф рух додааст.
Сухангӯи полиси Балх қайд кард, ки ҷинояткорон аз ҷойи ҳодиса фирор карданд, аммо тафтишот барои таҳқиқи ин парвандаҳо шурӯъ шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.