расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Шумораи маҳбусони сиёсии Қазоқистон 8 нафар зиёд шуд

. / Ҷаҳон

Шумораи маҳбусони сиёсии Қазоқистон 8 нафар зиёд шуд

Тазоҳурот ба тарафдорӣ аз раҳоии зиндониёни сиёсӣ дар Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Ҳашт фаъоли маданӣ ва сокини шаҳри Алматои Қазоқистон, ки барои нашри сурудҳои мазҳабӣ ба муддати тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд, маҳбуси сиёсӣ эътироф гаштанд.
Тавре ҳомии ҳуқуқ Бахитҷон Торегожин 30 ноябр дар "Фейсбук" иттилоъ дод, фаъолони мазкурро шӯрои коршиносони муташаккил аз ҳомиёни ҳуқуқи маҳаллӣ маҳбусони сиёсӣ эътироф кардааст.
Ин ҳашт нафар бар асоси банди "Иштирок дар фаъолияти ҳаракати сабтиномнашудаи "Интихоби демократии Қазоқистон" зиндонӣ шудаанд.
Аскар Ажгужинов, Уласбек Ахметов, Муратбой Баймагамбетов, Багдат БактибиевМарат Дуйсенбиев, Аскар Нурмаганов, Ноян Рахимжанов ва Шухрат Кибиров фаъолони маданӣ аз минтақаҳои гуногуни Қазоқистон ҳастанд, ки дар пайи интиқодҳояшон аз сиёсати мақомоти ин кишвар ва ҷонибдорӣ аз фаъолони таъқибшуда дастгир шуданд ,
Рӯйхати маҳбусони сиёсии Қазоқистон дар арафаи Рӯзи президенти нахустини ин кишвар нашр шуд, ки ҳамасола 1 декабр таҷлил мешавад. Ҳомиёни ҳуқуқи қазоқ ин гуна рӯйхатро бори нахуст 31 майи соли 2013 нашр карда буданд, ки он замон номи шаш касро дар бармегирифт.
Фаъоли маданӣ аз вилояти Қазоқистони Шарқӣ Серик Идиришев ва фаъоли дигар аз шаҳри Костанай Аскар Ибраев низ ба рӯйхати маҳбусони сиёсии Қазоқистон шомил гаштанд. Ин ду нафарро додгоҳ дар моҳҳои декабри соли гузашта ва январи соли равон бо ҷурми "иштирок дар фаъолияти ҳаракати мамнуи Интихоби демократии Қазоқистон" аз озодӣ маҳрум кардааст.
Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи қазоқ, дар ҳоли ҳозир ба ин рӯйхат номи 22 кас шомил карда шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.