расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Арманиҳо истеъфои сарвазирро талаб доранд

. / Ҷаҳон

Арманиҳо истеъфои сарвазирро талаб доранд


Дар майдони Озодии шаҳри Ереван боз як гирдиҳамоӣ барпо шуд. Дар рӯзи гирдиҳамоӣ ҳайати ҳукумати Русия дар Арманистон қарор дошт.

Ҳайати Русия аз вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров, вазири мудофиа Сергей Шойгу, вазири ҳолатҳои фавқулода Евгений Зиничев ва чанд вазири дигар иборат буд.Шойгу ва Лавров бо сарвазири Арманистон Никол Пашинян мулоқоти як ба як доштанд. Мавзуи асосии ин гуфтугӯҳо вазъи Қарабоғи Куҳӣ буд.Лавров гуфт, ба Ереван бо барномаи бузурги барқарории зиндагии осоишта дар Қарабоғи Куҳӣ омадааст. Вай хабар дод, вазъ комилан зери назорати неруҳои посдори сулҳи Русия аст. Неруҳои Русия дар Қарабоғ 23 дидбонгоҳ таъсис додаанд.Ҳайати Русия аз Арманистон ба Озарбойҷон рафт.Садҳо одам дар маркази шаҳри Ереван роҳҳои мошингардро баста, истеъфои сарвазир Никол Пашинянро талаб карданд.Расонаҳо менависанд, ки пулис роҳбандонро боздошт мекунад.Эътирозҳо дар Ереван шаби 10 ноябр, билофосила баъди имзои созишномаи қатъи ҷанг дар Қарабоғи Куҳӣ ташкил шуданд. Бино ба созишнома, Арманистону Озарбойҷон мавқеъҳоеро ҳифз мекунанд, ки дар замони бастани созишнома неруҳояшон қарор доранд.Мухолифон истеъфои Пашинян ва бекорсозии созишномаро талаб доранд. Рӯзи 12 ноябр бештар аз 10 роҳбари мухолифон бо айби ташкили эътирозҳои ғайриқонунӣ боздошт шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.