расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Вокуниши Ҷабборов ба интиқодҳо аз тағйири Конститутсияи Қирғизистон

. / Ҷаҳон

Вокуниши Ҷабборов ба интиқодҳо аз тағйири Конститутсияи Қирғизистон


Содир Ҷабборов.

Иҷрокунандаи вазифаҳои президент ва сарвазири Қирғизистон Содир Ҷабборов баъди истеъфо додан аз мақоми худ бо нашри изҳороте роҷеъ ба интиқодҳо аз тағйири Конститутсияи ин кишвар изҳори назар кардааст.
"Ба мардуми қирғиз ҳамчун соҳиби истиқлоли кишвар имкони ҳалли масъалаҳои умумидавлатӣ дода шуда буд. Вале Конститутсияи соли 2010 ин ҳаққи шаҳрвандонро ба нафъи як гуруҳи одамон ё шахсе маҳдуд мекард. Ин маҳдудият ба рушди минбаъдаи Қирғизистон монеа эҷод мекард. Дар ин бора зиндагии мо дар давоми 10 соли ахир метавонад далел бишавад, ки тайи ин солҳо Қирғизистонро ронандагон, муҳофизон ва шахсони монанд ба онҳо идора мекарданд", - гуфтааст ӯ.
Ба гуфтаи Содир Ҷабборов, барои иҷрои талаботи мардум зарурати тағйири Конститутсия пеш омадааст, барқарорсозии ҳуқуқи шаҳрвандон ва қабули Конститутсияи нав тариқи раъйпурсӣ баргашт ба ақиб ё конститутсияҳои давраи президентҳои пешин - Акаев ва Боқиев нест.
Лоиҳаҳои Конститутсияи нав ва қонуни таъйини раъйпурсӣ дар рӯзи 10 январро сомонаи порлумони Қирғизистон 17 ноябр нашр кард. Лоиҳаи қонун баъди як моҳи баррасии умум ба порлумон пешниҳод мешавад.
Дар Конститутсияи нав салоҳиятҳои президент бештар ва таъсис шӯрои мардумӣ пешбинӣ шудааст. Тибқи он, президент раҳбари давлат ва мақомоти иҷроия аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.