расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Трамп як мақоми комиссиюни интихоботиро барканор кард

. / Ҷаҳон

Трамп як мақоми комиссиюни интихоботиро барканор кард


Кристофер Кребс

Президенти ИМА Доналд Трамп як мақоми бахши амнияти интернетии федеролиро аз кор пеш кард, ки гуфтааст, интихоботи президентӣ амн баргузор шуд ва иддаоҳои Трамп дар бораи тақаллуби натиҷаҳо асос надорад. Трамп рӯзи 17-уми ноябр тавассути Твиттер эълон кард, ки талошҳои оҷонсии зери раҳбарии Кристофер Кребс, ки аз дурустии натиҷаҳои интихоботӣ ҳимоят кардааст, «фавқулодда нодуруст аст». Трамп иддао кард, ки дар интихобот «қонуншиканиҳову тақаллуби азим” роҳ ёфт ва иддаоҳои беасоси мисли овоздиҳии одамони мурда, пешгирии нозирон аз ворид шудан ба нуқтаҳои раъйдиҳӣ ва мушкилоти фаннии компютериро мисол овард. Twitter ҳамон замон навиштаҳои Трампро бо тамғаи “иддаои тақаллуби интихоботӣ баҳсбарангез аст” ишора кард. Барканории мақоми комиссиюни интихоботӣ дар ҳолест, ки то ҳол президент Доналд Трамп пирӯзии рақиби демократаш Ҷо Байденро дар интихоботи 3-юми ноябр эътироф накарда гуфтааст, ки интихобот тақаллуб шуд.
Кребс раҳбарии Оҷонсии амнияти интернетӣ ва сохтори амниятиро аз замони таъсисаш дар соли 2016 ба ӯҳда дорад. Ин ҳамон даврае буд, ки далелҳои атрофи дахолати Русия ба интихоботи раёсатҷумҳурии ИМА моҷаро барпо кард. Кребс як мутахассиси калидӣ дар масъалаи тақвияти инфрасохторӣ алайҳи мудохилаи хориҷӣ ва тақаллуб будааст. Ҳафтаи гузашта оҷонсӣ гуфт, ки интихоботи соли 2020-и ИМА “амнтарин дар таърихи Амрико” буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.