расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Зане дар Узбекистон ҳангоми фурӯши тифли шашмоҳааш боздошт шуд

. / Ҷаҳон

Зане дар Узбекистон ҳангоми фурӯши тифли шашмоҳааш боздошт шуд


Акс аз бойгонӣ.

Дар ноҳияи Чартаки вилояти Намангони Узбекистон нисбати зани 21-солае бо гумони фурӯши тифли шашмоҳааш парванда боз шуд. Ба иттилои мақомоти он кишар, зан мехост, тифлашро дар ивази 180 доллари ИМА ба зани 51-солае фурӯшад.
Мақомоти Узбекистон мегӯянд, модари тифл дар ақди никоҳ қарор надорад.
Пулиси ноҳияи Чартак бо моддаи "кӯдакфурӯшӣ" парванда боз шудааст.
Дар моҳҳои охир ин чандумин ҳодисаи кӯдакфурӯшӣ аст, ки мақомоти Узбекистон хабар медиҳанд.
Рӯзи 9 ноябр мақомоти вилояти Сирдарёи Узбекистон занеро ҳангоми фурӯши кӯдаки 4-солааш боздошт карданд.
Рӯзи 15 ноябр Пулод Чориеви 28-сола, сокини ноҳияи Деҳнави Узбекистон ҳангоми фурӯши тифли 2-солааш боздошт шуд.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.