расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Сокини Украина пурқувваттарин одами сайёра дониста шуд

. / Ҷаҳон

Сокини Украина пурқувваттарин одами сайёра дониста шуд

Ӯ ҷавонтарин варзишгарест, ки ин унвонро ба даст овард.

Сурат: ukrinform.ru
Сокини 24-солаи Украина Алексей Новиков ба унвони пурқувваттарин шахси сайёра - World Strongest Man соҳиб шуд, менависад Укринформ.
Ҳангоми мусобиқа дар Брейдентон (Флорида, ИМА) Новиков дар қувваозмоии кашидан (тяга) аз уҳдаи вазни 537,5 кило баромада, рекорд гузошт.
Ӯ ҷавонтарин варзишгари дунё мебошад, ки ин унвонро ба даст овард.
Новиков пас аз Василий Вирастюк аввалин украинист, ки солҳои 2004 ва 2007 мақоми пурқуваттарин шахси дунёро ба даст оварда буд.
Ду моҳ пеш Алексей бо бохт ба Павел Кордияка унвони пурқувваттарин шахси Украинаро аз даст дода, акнун дар мусобиқаи ҷаҳонӣ ин мақомро барои худ баргардонд.
Натиҷаҳои мусобиқаи World Strongest Man
1. Алексей Новиков (Украина);
2.Том Столтман (Британияи Кабир);
3. Жан-Франсуа Карон (Канада).

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.