расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Австрия ҷустуҷӯи омилони “ҳамлаи террористӣ”-ро идома медиҳад

. / Ҷаҳон

Австрия ҷустуҷӯи омилони “ҳамлаи террористӣ”-ро идома медиҳад


Полиси Австрия дар кӯчаву хиёбонҳои Вена

Дар кишвари аврупоии Австрия ҷустуҷӯи ҳамлагарони мусаллаҳе идома дорад, ки рӯзи 2-юми ноябр ба чандин макон дар саросари Вена ҳамла карда, дастикам чор нафарро кушта ба чанд тани дигарро захмӣ бар ҷой гузоштанд. Нахуствазири ин кишвар Себастиан Куртс ҳодисаро ҳамчун як “ҳамлаи террористии нафратовар” маҳкум кард. Ба иттилои вазири умури дохилӣ Карл Неҳаммер, дар ҳодисаҳои рӯзи душанбе ду мард ва ду зан кушта шуданд. Неҳаммер хабар дод, ки як ҳамлагар марди 20-солаи соҳиби шаҳрвандии Австрия ва Македонияи Шимолӣ мебошад ва қаблан аз рӯи иттиҳомоти узвият дар созмони террористӣ ҳукм гирифта буд. Ин шахс, ба гуфтаи вазир, аз дасти полис кушта шуд. Исми ин шахсро Куйтим Файзуллоӣ муаррифӣ карданд, ки барои талоши сафар ба Сурия барои пайвастан ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” моҳи апрели соли гузашта ба 22 моҳи зиндон маҳкум шудааст. Неҳаммер ба APA гуфт, ки ӯро бар асоси қонунҳои ҷиноятҳои наврасон моҳи декабри порсол пеш аз мӯҳлат озод карданд. Дар вазорати дохилии Македонияи Шимолӣ ҳам ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар тамоси доимӣ бо мақомоти Австрия ҳастанд, то ки ҳуввияти ин шахс ва робитаҳои ӯ бо афроди эҳтимолии дигар маълум шавад. Неҳаммер мегӯяд, ки то ҳол дар 15 манзил кофтукоб анҷом шуда бархе боздошт гардиданд. Ба иттилои АРА, дар шаҳри Санкт-Пёлтен, ки дар 65-километрии шарқи Вена ҷойгир аст, ду нафари дигар дар доираи ҳамин ҷустуҷӯҳо боздошт шуданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.