расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Туркманистони “озод аз коронавирус” барои ду моҳ сафарҳоро манъ кард

. / Ҷаҳон

Туркманистони “озод аз коронавирус” барои ду моҳ сафарҳоро манъ кард


Шаҳри Марв, фурӯшгоҳи маҳсулоти арӯсӣ

Мақомот дар Туркманистон - танҳо кишвари Осиёи Марказӣ, ки вуҷуди коронавирусро рад мекунад, сафарҳо дар дохили кишварро ба ҷуз ҳолатҳои истисноӣ манъ кардаанд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз шаҳри Ашқобод иттило доданд, ки то 1-уми январи соли 2021 ҳама сафарҳо дар дохили кишвар манъ шуда, танҳо бо иҷозаи комиссиюни махсуси аз ҷониби ҳукуматҳои маҳаллӣ ташкилшуда иҷозаи сафар дода мешавад. То ҳол ҳеҷ изҳороти расмӣ дар бораи муқаррароти нав нашр нашудааст, вале аз 31-уми октябр ба ин сӯ мақомоти маҳаллӣ баргузоркунии тестҳои санҷишии коронавирусро қатъ карданд. Чунин тестҳо барои доштани ҳақи сафар ҳатмӣ буд. Дар миёни истисноҳо барои сафар даъвати хаттӣ ба кор, сафарҳои корӣ, эҳтиёҷоти тиббӣ ва ё марги хешутабор зикр мешавад.
Муқаррароти нав бахусус ба зиндагии онҳое таъсири манфӣ мерасонад, ки аз рустову шаҳрҳои дурдаст ба пойтахт - шаҳри Ашқобод омада дар ин ҷо кор мекарданд.
Мақомот дар ҳукумати президенти худкомаи Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз оғоз то ҳол мегӯянд, ки дар ин кишвар ҳодисаҳои олудашавӣ ба коронавирус вуҷуд надорад, дар ҳоле, ки дар тамоми ҷаҳон аз декабри порсол то ҳол беш за 47 ҳазор нафар олуда шудааст.

Вале айни замон, бисёр шаҳрвандон мегӯянд, ки талош мекунанд дар сурати худро бад ҳис кардан дар хона бимонанд ва ба духтур муроҷиат накунанд, чунки ҳарос доранд, ки беморхонаҳо пур аз беморони олудашуда ба коронавирус мебошанд.

Дар Туркманистон онҳоеро, ки бо бемориҳои монанд ба илтиҳоби шуш мефавтанд, ба селлофан печонда ба наздикон медиҳанд ва хабарҳо аз зиёд шудани маргу мири одамон ҳам ба даст мерасад. Моҳи августи имсол Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз афзоиши пневмонияи ғайримаъмулӣ изҳори нигаронӣ карда аз Ашқобод тақозо кард, ки дар кишвар тестҳои коронавирус анҷом шаванд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.