расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Имрӯз дар Афғонистон Мотами миллӣ эълон шуд

. / Ҷаҳон

Имрӯз дар Афғонистон Мотами миллӣ эълон шуд

Дирӯз бар асари як ҳамалаи террористӣ ба Донишгоҳи Кобул 19 тан ҷон боху 22 нафар захмӣ шуд

Сурат: shafaqna.com
Ҳукумати Афғонистон имрӯз, сешанбеи 4-уми ноябрро бар пайи ҳамлаи хунини рӯзи гузашта ба Донишгоҳи Кобул рӯзи Мотами миллӣ эълон кардааст. Ба иттилои шабакаи телевизиони “Тулуънеюс” дар ин ҳамла 19 нафар куштаву 22 тан захмӣ шудааст, ки аксари онҳо донишҷӯёни ин донишгоҳ мебошанд. Масъулияти ин ҳамлара гуруҳи террористии ДИИШ ба дӯш гирифтааст.
Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи раисҷумҳури Афғонистон дар саҳфаи Твиттераш навиштааст, ки “ба тамоми вилоятҳо ва намояндагиҳои сиёсии Афғонистон дар берун аз кишвар дастур медиҳад то бар пояи маросимҳои сӯгворӣ ва хатми Қуръони азимушаън азодорӣ намоянд”.
Раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ шоми душанбе, дар як суханронии телевизионӣ ин ҳамларо маҳкум кард ва онро ҷиноят алайҳи башарият номид ва гуфт, "интиқоми ин ҳамларо чанд баробар хоҳем гирифт".
Ӯ дар ин суханронияш гуфт: "Ба Толибон ва ба ҳама гуруҳҳои террористӣ мегӯям, ки шумо бо ин амалҳоятон иродаи мардуми Афғонистонро идора карда наметавонед. Душманони Афғонистон ва ҷонибдорони онҳо бояд бидонанд, ки мо ҳеҷ гоҳ дар баробари ваҳшату золимӣ сар хам накардаем. Ман ба тавоноӣ ва ҷасорати нерӯҳои амниятӣ боварӣ дорам”.
Ба иттилои расонаҳои Афғонистон сухангӯи гуруҳи Толибон ин ҳамларо маҳкум карда, даст доштани гуруҳро дар ин ҳамла рад кардааст.
Афроди мусаллаҳ дирӯз, тахминан соати 12 бо вақти маҳаллӣ ба Донишгоҳи Кобул, ба як маросими китоб ҳамла карданд. Даргириҳо миёни муҳоҷимон ва пулис шаш соат идома кардааст.
Ба иттилои расонаҳо дар як даҳҳаи ахир ин дувумин ҳамла ба марказҳои омӯзишӣ дар Кобул аст. Ҳафтаи пеш як муҳоҷими интиҳорӣ ба як маркази омӯзишӣ дар ғарби Кобул ҳамла карда буд, ки дар он ҳодисаи террористӣ 30 тан ҷон бохтаву 80 тани дигар захмӣ шуда буданд. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.