расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » ЗАМИНҶУНБИИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР ТУРКИЯ: ДАР ИЗМИР ҚАРИБ 20 ХОНА ФУРӮ РАФТААСТ (6 ВИДЕО)

. / Ҷаҳон

ЗАМИНҶУНБИИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР ТУРКИЯ: ДАР ИЗМИР ҚАРИБ 20 ХОНА ФУРӮ РАФТААСТ (6 ВИДЕО)

Рӯзи ҷумъа, 30 октябр, дар баҳри Эгей дар минтақаи ҷазираи Додеканес, дар наздикии соҳили Туркия заминҷунбиии шиддата 7 бал рӯй дод. Бино ба иттилои Маркази зилзиланигории Аврупо ва Баҳри Миёназамин, маркази заминларза дар умқи 10 км дар 58-километрии ҷанубуғарби Қарабоғлари Туркия ва 18-километрии шимолу шарқи шаҳраки Неор Карловасии ҷазираи Самоси Юнон ҷойгир шуда буд.
Бар асари заминларза, бино ба иттилои шаҳрдори Измир, сеюмин шаҳри бузурги Туркия, дар ин шаҳр ҳудуди 20 хона фурӯ рафта, 70 сокинро аз зери овори биноҳо зинда берун кашидаанд. Вазири тандурустии Туркия Фахриддин Хоҷа хабар дод, ки дар натиҷаи офати табиӣ дастикам 4 нафар ба ҳалокат расида, 120 нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Мақомоти Туркия нигаронанд, ки шумори қурбониҳо метавонад боз ҳам биафзояд.

Шиддати заминларзаро дар Истанбул ва дар чанд минтақаи Юнон низ эҳсос кардаанд. Офати табиӣ боиси як тсунамии хурд дар баҳр шуда, бархе кӯчаҳо дар шаҳри Сафариҳисори Туркия зери об монданд. Дар ҷазираи Самос як қисми калисои Карловаси вайрон шуда, чанд бинои дигар низ осеб дидааст ва чор нафар ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд.

 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.