расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Тадбирҳои бештари полиси Фаронса баъди қатли як омӯзгор

. / Ҷаҳон

Тадбирҳои бештари полиси Фаронса баъди қатли як омӯзгор


Мардум дар сӯги омӯзгори кушташуда дар пушти дари мактаб ҷамъ шудаанд

Мақомоти Фаронса гуфтанд, ки баъди қатли як омӯзгори маҳаллӣ бо дасти як тундрави исломӣ тадбирҳои бештари амниятиро рӯидаст гирифтааст. Омӯзгори таърих Самуэл Пати рӯзи 16-уми октябр дар беруни мактабе, ки кор мекард, сар бурида шуд. Ин корро ҷавони 18-солае анҷом дод, ки дар паи таъқиби полис ба қатл расид. Ҳамлагар як ҷавон чечентабори дар Русия таваллудшуда буд, ки дар шаҳри Эврёи шимолуғарби Париж зиндагӣ мекард. Исми ӯ аз ин пеш ба ходимони амният ошно набуд. Куштори омӯзгор мавриди эътирози бисёр сокинони Фаронса ва маҳкумияти президент Эммануэл Макрону раҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ шуд. Вазири умури дохилӣ Жерал Дарманин рӯзи 19-уми октябр гуфт, ки ҳоло тахминан 80 тафтише ба роҳ монда шудааст, ки бадгӯӣ дар Фаронсаро таҳқиқ мекунад. Дарманин инчунин гуфт, ки мақомот ин масъаларо баррасӣ доранд, ки барои таблиғи хушунату бадбинӣ дар Фаронса шояд бархе гурӯҳҳои ҷомеаи мусалмонӣ баста шаванд. Дарманин гуфт, ки падари як хонандаи мактаб ва як ҷангҷӯи исломӣ қатли Патиро тақозо карда буданд. Куштори муаллим Фаронсаро такон дод ва ба ёди ҳамлаи панҷ сол пеш ба идораи маҷаллаи ҳаҷвии “Шарли Эбдо” бурд, ки карикатураҳои Муҳаммад Пайғамбарро нашр карда буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.